Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Донишҷӯи мо чемпиони ҷаҳон шуд

Донишҷӯи мо чемпиони ҷаҳон шуд

Ҷои таҳсин ва ифтихор аст, ки як нафар донишҷӯи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон чемпиони ҷаҳон гардид. Азамат Пирматов, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар хизматрасониҳои иттилоотии факултети технологияҳои иттиоотӣ дар иқтисодиёти донишкада дар чемпионати ҷаҳонӣ оид ба пауэрлифтинг иштирок намуда, сазовори ҷои якум гардида, парчами Тоҷикистонро парафрохт.
Ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода бо ин муносибат А. Пирматовро табрик намуда, иброз дошт, ки маҳз чунин комёбиҳо боиси баланд гаштани обрӯ ва нуфузи донишкада дар сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ мегардад. 
Ёдовар мешавем, ки аз 16 то 18 октябри соли равон чемпионати ҷаҳон таҳти унвони «Паланги тиллоӣ» дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия барпо шуд, ки дар он беш аз 6 ҳазор варзишгар аз 62 мамолики дунё иштирок ва қувваозмоӣ намуданд. Ин чорабинӣ аз бузургтарин чорабиниҳои варзишии Россия ва Аврупо ба ҳисоб меравад.


Насрулло Тӯйчизода