Хабарҳо

Пазироии меҳмонони конфронс
Рӯзи 21 октябр яке аз меҳмонони хориҷии конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Аз сиёсат ба таҷрибаи таҳқиқи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ дар замони муосири иттилоотӣ», ки бо ибтикороти ДМИТ ва дастгирии молиявии Лоиҳаи «Дастгирии самтҳои алоҳидаи ислоҳот дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ: Лот1»-и Иттиҳоди Аврупо баргузор мегардад, Дробышевский С.М., д.и.и., профессор, муовини директор оид ба корҳои илмии Институти сиёсати иқтисодии ба номи Е.Т.Гайдар (Россия) ба донишкада омад. Меҳмонро ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода, муовинони ректор ва деканони факултетҳо хуш пазируфта, дар бораи таълимгоҳ маълумоти мухтасар доданд. Олими рус дар навбати худ барои пазироии гарм ва оғози ҳамкориҳо изҳори мамнуният карда, дар барои идомаи ҳамкориҳои дуҷониба ва таассуротҳояш аз тамошои шаҳри Душанбе ва Қалъаи Ҳисор изҳори андеша намуд.