Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Конфронси байналмилалӣ дар кохи Наврӯз

Конфронси байналмилалӣ дар кохи Наврӯз

Имрӯз, 22 октябри соли 2015 бо ташаббуси Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва дастгирии Лоиҳаи «Дастгирии самтҳои алоҳидаи ислоҳот дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ: Лот1»-и Иттиҳоди Аврупо дар кохи Наврӯз конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Аз сиёсат ба таҷрибаи таҳқиқи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ дар замони муосири иттилоотӣ» кори худро оғоз намуд.

Дар кори конфронс олимону муҳаққиқон ва коршиносони хориҷӣ ва маҳаллии бахшҳои гуногуни иқтисод ва молия, беш аз 150 нафар иштирок намуданд.

Сараввал бо сухани ифтитоҳӣ ректори ДМИТ Ашурбой Солеҳзода конфронсро кушода, меҳмонон ва иштирокчиёни онро хайра мақдам гуфт. Ҳамчунин барои аз номи раёсати донишкада барои ташкил ва гузаронидани ин конфронс ба дастгирии бевоситаи кумаки техникии Иттиҳоди Аврупо дар доираи Лоиҳаи «Дастгирии самтҳои алоҳидаи ислоҳот дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ: Лот1» миннатдорӣ изҳор намуд.

байналмилали4001.jpgМавсуф аз ҷумла қайд намуд, ки дар амалинамоии ҳадафҳои муҳими ислоҳот дар самти мукаммалнамоии идораи молияи давлатӣ ва системаи омодамоӣ ва такмилдиҳии кадрҳои ин соҳа дастгирии кумаки техникии Иттиҳоди Аврупо мусоидат намуда истодааст. Барои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккули системаи омодасозии кадрҳои болаёқат ва ба талаботи замон ҷавобгӯ аз аҳамият холӣ нест ва бинобар ин ҳамроҳ намудани Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба татбиқи компоненти Лоиҳаи мазкур ва лоиҳаи марҳилаи аввал манфиатовар мебошад. Дар марҳилаи дуюми Лоиҳаи мазкур мақсадгузорӣ нисбати мукаммалгардонии низоми таълиму тадқиқот ба самти омӯзонидани гурӯҳи омӯзгорон нигаронида шуд. Дар натиҷа як гурӯхи омӯзгорон дар давоми зиёда аз нӯҳ моҳ бо усулҳои муосири таҳқиқоти илмӣ ва татбиқи он дар доираи моделсозӣ ва ояндабинӣ такмил ёфтанд ва ин раванд давом меёбад, гуфт А.Солеҳзода.

Баъдан Ҷамшед Каримзода, муовини аввали вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хуршед Зиёев, сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мио Нюнт, роҳбари Лоиҳаи «Дастгирии самтҳои алоҳидаи ислоҳот дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ: Лот1»-и Иттиҳоди Аврупо, Маргус Солнсон, сардори шуъба оид ба сиёсат, матбуот ва иттилооти намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад карда, рӯзмаррагии мавзӯи конфронсро ёдрас шуда, ба кори он муваффақият хостанд.

байналмилали04001.jpgДар бахши пленарӣ муовини директор оид ба корҳои илмии Институти сиёсати иқтисодии ба номи Е.Т.Гайдар (Русия) Сергей Дробишевский дар мавзӯи «Назари тоза ба ояндабинии равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ: роҳҳои назариявӣ ва методҳо», мудири кафедраи информатикаи амалии Донишгоҳи иқтисодии Қазоқистон Лаура Байтенова дар мавзӯи «Технологияҳои иттилоотии муосир дар фазои таълимӣ» баромад карданд.

Ҳамчунин дар бахши Моделсозии макроиқтисодии равандҳои иқтисодию иҷтимоӣ Волфганг Бёме, мушовири раиси Бонки Миллии Тоҷикистон, Игор Еременко, н.и.и., сариқтисодчии GIZ дар Тоҷикистон, Мафтуна Ҳакимова, н.и.и., коршинос оид ба макроиқтисоди Лоиҳаи «Дастгирии самтҳои алоҳидаи ислоҳот дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ: Лот 1» ва Парвиз Ғафуров, н.и.и., коршинос оид ба макроиқтисоди ҳамин Лоиҳа маърӯзаҳо карданд.

Бояд гуфт, ки ҳадафи баргузории конфронси мазкур ин муаррифии тадқиқотҳои илмии олимон ва муҳаққиқон, ҳамчун натиҷаи пурсамари ҳамкориҳои бисёртарафаи байни ДМИТ ва Лоиҳаи аз тарафи намояндагии Иттиҳоди Аврупо молияшаванда дар самти идоракунии молияи давлатӣ ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори меҳнати ҷаҳонӣ аст.

Нақши ДМИТ дар амалигардонии Лоиҳа дар табдили он ба маркази таҳқиқоти равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ зоҳир мегардад ва қадамҳои нахустини он дар ташкили майдони музокира ва таҳқиқот дар доираи чунин конференсия гузошта мешавад.

Пагоҳ, 23.10.2015 конфронс кори  худро идома медиҳад.


Машҳура Абдуллоева