Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Баррасии моделсозии макроиқтисодии равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ

Баррасии моделсозии макроиқтисодии равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ

Рӯзи 23 октябр конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Аз сиёсат ба таҷрибаи таҳқиқии нишондиҳандаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ дар замони муосири иттилоотӣ», ки бо ибтикороти Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Лоиҳаи «Дастгирии самтҳои алоҳидаи ислоҳот дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ: Лот 1»-и Иттиҳоди Аврупо ташкил шудааст, дар кохи Наврӯз корашро идома дод.

Дар бахши Моделсозии макроиқтисодии равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ коршиносону олимони самтҳои гуногуни иқтисодиёт бо маърӯзаҳои ҷолиб баромад карданд. Аз ҷумла Ҷӯрабоев Г.Ҷ., д.и.и., профессори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон дар мавзӯи «Прогнозирование макроэкономических показателей промышленного производства в Республики Таджикистан», Парвиз Ҳакимов, н.и.и., коршиноси мустақил дар мавзӯи «Влияние роста доходов и численности населения на сельскохозяйственный сектор Республики Таджикистан», Фаридун Маҳмадалиев, н.и.и., мудири кафедраи иқтисодиёти соҳибкории Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон дар мавзӯи «Эконометрические моделирование и оценка воздействующих факторов на теневую экономику Республики Таджикистан», Асадулло Исматов, н.и.и. дар мавзӯи «Влияние капитальных расходов на текущие государственные расходы по секторам», Манзура Кошонова, д.и.и., профессори ДМИТ дар мавзӯи «Модель занятости населения в трудоизбыточном регионе Республики Таджикистан», Саъдихуҷа Маъдиев, н.и.и, дотсенти кафедраи суѓуртаи ДМИТ дар мавзӯи «Моделирование демографического поведения для государственного регулирования экономики», Баҳром Сафаров, н.и.и., муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ дар мавзӯи «Моделирование внешнеэкономической деятельности регионов Республики Таджикистан» ва дигарон баромад карданд.

Дар муҳокимарониҳо устодон ва донишҷӯёни донишкада фаъол иштирок ва дар бораи мавзӯъҳои баррасишаванда савол ва таклифҳои мушаххас пешниҳод карданд.

конфронс4001.jpgТавре қайд намудем, конфронс дар сатҳи хеле баланд ташкил ва гузаронида шуда, дар он масъалаҳои моделсозии макроиқтисодии равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ, назари тоза ба ояндабинии равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ, таҳлили муқоисавии сиёсати монетарӣ ва фискалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вусъат бахшидани ин равандҳо дар заминаи моделсозӣ, масъалаҳои мушаххаси пешгӯии хатарҳои молиявӣ, моделсозии тавозуни байнисоҳавӣ, дастгирии ислоҳот дар самти идоракунии молияи давлатӣ, истеҳсолоти саноатӣ ва рушди бахшҳои дигари иқтисодиёт, такмил додани муносибатҳои молию пулӣ, моделсозии равандҳои демографӣ ва истифодаи майли демографӣ дар танзими давлатии иқтисодиёт ва инчунин вобаста ба моделсозӣ рушди фаъолияти муносибатҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Баргузории конфронси мазкур боиси тараққиёти бисёр соҳаҳо дар кишвар шуда метавонад. Зеро истеҳсолот, тақсимот, муомилот ва ташаккули истеъмоли неъматҳои моддӣ дар замони ҳозира аз нигоҳи муносибатҳо зиддиятҳоеро дар бар мегиранд, ки торафт шиддатгирии онҳо афзуда, зарурати омӯзиш ва тадқиқоти махсусро ба миён меоранд. Ҳадафи асосии ин конфронс ҳам аз он бармеояд, ки дар заминаи таҷриба ва тадқиқоти гузаронидаи мутахассисони ДМИТ дар ҳамоҳангӣ бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо ҳамин гуна масъалаҳое баррасӣ гарданд, ки бо назардошти истифода бурдани техника ва технологияҳои нав қадам ба сӯи моделсозии ҳамин ҷараёнҳо мебошад.

Дар ҷамъбасти конфронс ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода аз кори пурмаҳсули иштирокчиёни он изҳори қаноатмандӣ намуда, афзуд, ки ин конфронс қадамҳои нахустин дар ташкили майдони музокира ва таҳқиқоти масъалаҳои иқтисодию иҷтимоии олимону мутахассисон дар арсаи байналмилалӣ буда, ин ҳамкориҳо дар оянда низ идома хоҳанд ёфт.

Бояд тазаккур дод, ки дар натиҷаи баромадҳои ҷолиб ва музокираҳо пешниҳодҳои мушаххаси амалӣ вобаста ба паҳлӯҳои гуногуни таҳқиқоти амалӣ ҷамъ оварда шуда, хулосаи мукаммал ба сохторҳои дахлдор ирсол карда мешаванд.


Машҳура Абдуллоева