Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Маълумот дар бораи пасандозҳо

Маълумот дар бораи пасандозҳо

Рӯзи 27 октябри соли ҷорӣ кормандони филиали Тоҷиксодиротбонк дар ноҳияи Фирдавсӣ Наргис Соҳибова ва Маъруф Саидаҳмадов омада, бо устодону донишҷӯён вохӯрда, дар бораи пасандози подошдори «Як ба як» маълумоти муфассал доданд.

Маълум гардид, ки пасандоз бо асъори миллӣ ба муддати 5 сол ва бо асъори хориҷӣ ба муҳлати 8 сол кушода мешавад. Маблағи пасандоз аз 100 сомонӣ ва ё 100 доллари амрикоӣ оғоз шуда, бемаҳдуд аст. Бартариҳои ин намуди пасандоз дар он аст, ки ин бехатарии пул, мизоҷ даромади дукарата мегирад ва андоз аз маблағи подош аз тарафи бонк пардохт карда мешавад.

Мақсад аз ҷорӣ намудани ин хизматрасониро кормандони бонк дар беҳтар кардани некуаҳволии халқ арзёбӣ карданд.

Дар охир, ба кормандони Тоҷиксодиротбонк дар бораи ин пасандоз ва умуман амалиётҳои бонкӣ суолҳо пешниҳод гардиданд ва онҳо ҷавобҳои қонеъкунанда доданд.


Машҳура Абдуллоева