Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Маҳфилҳои илмӣ самарманд мегарданд

Маҳфилҳои илмӣ самарманд мегарданд


Бо ибтикори кафедраи назарияи иқтисодӣ ва маҳфили илмии донишҷӯёни кафедра «Иқтисодчиёни ҷавон» рӯзи 28 октябр маҳфили илмӣ-тадқиқотӣ дар мавзӯи «Таҳлили вазъ ва ҳолати нишондиҳандаҳои макроиқтисодии ҶТ дар солҳои 2014-2015» доир гардид, ки ҷараёни баргузории онро мудири кафедраи номбурда н.и.и., дотсент Убайдов Фахриддин кушода, оиди масъалаҳои ҳалталаби мавзӯи баррасишаванда ибрози ақида намуд. Мавсуф аз ҷумла қайд намуд, ки яке аз роҳҳои ҷалб намудани донишҷӯён дар замони муосир ин пешниҳод намудани мавзӯъҳои мубрами рӯз мебошанд ва дар доираи ин мо тасмим гирифтаем вазъ ва ҳолати нишондиҳандаҳои макроиқтисодии ҶТ дар солҳои 2014-2015-ро ба шумо пешниҳод намоем.

Сипас нотиқ дар давоми суханронӣ ба ширкаткунандагони маҳфил роҳбари барномаи ЕС «Дастгирии самтҳои алоҳидаи ислоҳот дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ Лот1» дар ДМИТ муҳтарам Мио Нюнтро муаррифӣ намуд. Мио Нюнт дар мавзӯи «Моҳияти макроиқтисод ва моделсозӣ дар танзимнамоӣ ва рушди иқтисоди мамлакатҳои алоҳида» маъруза намуда, дар анҷом ба суолҳои донишҷӯён оиди муаммоҳои ҷойдошта посух гуфт.

Дар ҷараёни маҳфил устодони кафедра Убайдов Ф. дар мавзӯи «Тамоюлҳои рушди иқтисодӣ», Муртазоев Н. дар мавзӯи «Вазъ ва ҳолати бюҷети ҶТ», Ҳамроқулов Ш. дар мавзӯи «Буҳронҳо ва таъсири он ба соҳаҳои алоҳида», Ҷабборова М.: «Шохиси нархҳои истеъмолӣ», Исмоилова С.: «Таҳлили вазъ ва ҳолати воридот ва содироти ҶТ», Тошева М.: «Масъалаҳои асосии сармоягузорӣ», Сатторов Э.: «Бозори меҳнат ва вазъи интиқоли маблағҳои пулӣ», Негматов Ҷ.: «Иқтидори энергетикии ҶТ», Балхов Д. дар мавзӯи «Шарҳи мухтасари ММД» баромад намуда, донишҷӯёнро бо нишондиҳандаҳои омории ду соли охир шинос намуданд. Бояд хотирнишон намуд, ки дар маҳфил асосан донишҷӯёни курсҳои дуюми факултетҳои ДМИТ ширкат варзида, суолҳои худро ба нотиқон оиди паҳлуҳои мухталифи вазъи нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар доданд.

Дар анҷом роҳбари барномаи ЕС «Дастгирии самтҳои алоҳидаи ислоҳот дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ Лот1» муҳтарам Мио Нюнт қайд намуд, ки мутахассисони барнома Ҳакимова М. ва Ғафуров П. омода ҳастанд, ки дар якҷоягӣ ба барномаҳои пешниҳодгардидаи донишҷӯён кумаки илмии хешро пешниҳод намоянд.

Инчунин дар фарҷоми маҳфил қайд гардид, ки хулосаҳои илмӣ-омории баромадкунандагон ба тариқи электронӣ дар кафедра мавҷуд буда, донишҷӯён метавонанд барои дастрас кардани маводи лозима ба раиси маҳфили кафедра Балхов Д. муроҷиат намоянд.


Балхов Давлатмамад

раиси МИД-и кафедраи назарияи иқтисодӣ