Хабарҳо

Захираҳои истифоданашудаи даромадҳои буҷетӣ
Рӯзи 29 октябри соли 2015 бо ташаббуси кафедраи молия ва муомилоти пулӣ семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Захираҳои истифоданашудаи даромадҳои буҷетӣ» доир гардид. Дар он н.и.и., дотсенти кафедра Гулмаҳмад Оймаҳмадов масъалаи захираҳои истифоданашудаи даромадҳои буҷетиро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дод.
Гуфта шуд, ки таъсиси соҳибкории истеҳсолӣ, истифодаи захираҳои канданиҳои фоиданок, ба роҳ мондани механизмҳои гуногуни идоракунии истеҳсолот, таҳлили фаъолияти корхонаҳо ва ислоҳи сохти таркибии истеҳсолоти соҳавӣ аз ҷумлаи захираҳои истифоданашудаи даромадҳои буҷавӣ ба шумор рафта, барои амалинамоии онҳо фаъолияти иқтисоддонҳо зарур аст.
Ҳамчунин ташкили корхонаҳои тавлидотӣ дар ҷумҳурӣ на танҳо асоси ғанигардонии буҷа, балки заминагузори яке аз афзалиятҳои инкишофи Тоҷикистон, яъне ба кишвари индустриаливу кишоварзӣ табдил додани он аст. Дар ҳоле ки имрӯз дар кишвари мо 80% соҳибкории умумиро соҳибкории кишварзӣ ташкил медиҳад, гуфт баромадкунанда.
Мавсуф дар ҷараёни баромад барои ғанигардонии даромади буҷа роҳҳои истифодаи захираҳоро ба таври муфассал баён намуд.
Дар охир, иштирокдорони семинар ба устод Оймаҳмадов Г. суолҳо дода, ба онҳо посухҳои мушаххас гирифтанд.
Машҳура Абдуллоева