Хабарҳо

Гуфтугӯи тамаддунҳо
Чанде пеш дар маҷлисгоҳи Маркази илмию фарҳангии Россия бо ташаббуси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Фестивали дӯстии донишҷӯёни хориҷӣ ва тоҷик таҳти унвони «Гуфтугӯи тамаддунҳо» ва инчунин консерти идона дар толори бинои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ин чорабиниҳо устодону донишҷӯён аз донишкадаи мо низ ширкат доштанд. Бо буридани лента чорабинии мазкур аз тарафи сафири Федератсияи Россия ва намояндаи Маркази илму фарҳанги Россия оғоз гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони Вазорати маориф ва илми ҶТ ва дигар муассисаҳои олии таълимии кишвар низ ширкат варзиданд.
Дар толори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино дар чорабинии фарҳангӣ аз тарафи донишҷӯёни рус ва тоҷик суруду саҳначаҳо пешкаши бинандагон гардид.
Бояд гуфт, ки баргузории ин қабил чорабиниҳо барои таҳкими дӯстии халқҳо мусоидат мекунад.
Ш.Саломиён
мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ