Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Дар маҳфил донишҷӯён пешниҳодҳои мушаххас карданд

Дар маҳфил донишҷӯён пешниҳодҳои мушаххас карданд

Рӯзи 30 октябри соли ҷорӣ бо ташаббуси кафедраи молия ва муомилоти пулӣ маҳфили илмии донишҷӯён баргузор гардид. Дар маҳфил донишҷӯёни ихтисоси молияи факултаи молия ва қарз иштирок намуданд. Дар он донишҷӯи бахши 3-юми ихтисоси молия Ҳамидов Саидҷон дар мавзӯи “Сарчашмаҳои пардохти андоз ва таъсири он ба ҳолати молиявӣ” баромад намуда, оид ба мафҳум, намудҳо, роҳҳои батанзимдарорӣ ва имкониятҳои рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи ҳавасмандгардонии андозӣ ва пешниҳоди имтиёзҳои давлатӣ барои корхонаю ташкилотҳо маълумот дод.

Инчунин донишҷӯи бахши 4-уми ихтисоси молия Ғаффоров Мавлонбек дар мавзӯи “Касри буҷетӣ ва идоранамоии он” баромад карда, доир ба пайдоиш, мақсад ва вазифаҳои буҷети давлатӣ ва роҳҳои пӯшонидани касри буҷети давлатӣ ибрози ақида намуд.

Дар маҳфил донишҷӯи бахши 2-юми ихтисоси молия Азимов Муҳаммадраҷаб оид ба мушкилот ва монеаҳои дар раванди таъсисёбӣ ва фаъолияти ҷории корхонаву ташкилотҳо ҷойдошта ибрози назар карда, роҳҳои бартараф кардани онҳоро баён намуд. Аз ҷумла оид ба низоми андозбандӣ ва мавҷудияти имтиёзу дастгириҳои давлатӣ гуфта гузашт ва такмилдиҳии онро пешниҳод намуд.

Донишҷӯён Давлатов Файзиддин, Лоиқов Маҳдӣ, Мирзоев Ҳоким, Аминов Ҷомӣ, Ҳоҷиев Осимҷон ва Маллаева Манзура бештар бо саволу пешниҳодҳои мушаххас баромад намуданд.

Дар ҷамъбаст роҳбари маҳфили илмӣ Хушбахт Ахмедов нуктаҳои ҷолибро ёдовар шуда, таъкид кард, ки ба маҳфил бештар мароқ зоҳир карда, шумораи ширкаткунандагон зиёдтар гардад. Ҳамчунин барои фаъол будани шогирдон дар муҳокимаи масъалаҳо ибрози ақида кард.


М.Абдуллоева