Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Оғози роҳ

Оғози роҳ

Санаи 24-уми октябри соли равон барои Парки инноватсионию технологии ДМИТ рӯзи хотирмон маҳсуб мешавад. Зеро имрӯз аввалин хатмкунандагони курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ дар доираи Парк дорои гувоҳномаи соҳибкасбӣ гардиданд. Маросими супоридани гувоҳномаҳо ба шунавандагони курсҳои такмили ихтисос оид ба “Баҳисобгирии муҳосибӣ дар муассисаҳои буҷавӣ ва илмӣ дар асоси Стандартҳои байналхалқии ҳисоботи молиявӣ дар бахши давлатӣ” дар толори бинои якум баргузор гардид. Пеш аз супоридани гувоҳномаҳо ректори ДМИТ А.Солеҳзода ҳозиринро бо анҷоми бомуваффақияти курс табрик гуфта, дар бораи сиёсати фискалии давлат дар замони муосир бо онҳо суҳбати муфассал орост ва ба хатмкунандагон сертификати хатми курсро супорид. Зимнан А. Солеҳзода ба директори ПИТ Убайдуллоев Ф. супориш дод, ки минбаъд пеш аз баргузории маросими супоридани сертификат ё дипломҳо дар байни хатмкунандагон як пурсишномаи махсус гузаронида, аз онҳо дар бораи чизҳое, ки омӯхтанашон ба ақидаи онҳо зарур аст, пурсон шавад. Ректори донишкада дуруст қайд кард, ки агар чунин кор анҷом гирад, тақозои бозори хадамот дар соҳаи маориф ва самти  минбаъдаи ташкили курсҳои нав худ ба худ аён мегардад.

Сармуҳосиби донишкада М. Маҳмадов зимни ироаи сухани табрикии хеш изҳор дошт, ки ин курсҳо бори аввал дар доираи Парки донишкада баргузор мегарданд, аз ин рӯ, табиист, ки аз камбудиҳо орӣ буда наметавонанд. Бо вуҷуди ин, ҳамчун сармуҳосиб мустақиман аз раванди дарсҳо дар доираи ин барнома шинос будам ва медонам, ки тамоми шунавандагон аз сифати он қонеъ ҳастанд. Донистан ва кор карда тавонистан тибқи Барномаи Стандартҳои байналхалқии ҳисоботи молиявӣ (МСФО) имрӯзҳо ба меъёри арзёбии донишҳои ҳирфаии мутахассисон мубаддал гаштааст, вале ин ҳанӯз ҳадди ниҳоӣ нест. Бинобар ин, аз шумо шунавандагони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки дар мавриди минбаъд низ мукаммалтар кардани малакаву маҳорати ҳирфаии худ андеша намоед, гуфт дар охир М. Маҳмадов.

Ёдовар мешавем, ки аз 12-ум то 24-уми октябри соли равон тибқи қарордоди пешакӣ миёни Парки инноватсионию технологии ДМИТ ва Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумхурии Тоҷикистон 44 нафар кормандони кумитаи мазкур аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ курси такмили ихтисосро оид ба “Баҳисобгирии муҳосибӣ дар муассисаҳои буҷавӣ ва илмӣ дар асоси Стандартҳои байналхалқии ҳисоботи молиявӣ дар бахши давлатӣ” гузаштанд. Ҳадаф аз баргузории курси мазкур мусоидат намудан ба инкишоф, такомул ва ҷоришавии фаъолияти касбии муҳосибӣ, аудиторӣ ва назорати андозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусоидат баҳри афзоиши потенсиали касбии кадрҳои ин соҳа, мусоидат ба такомули минбаъдаи системаи миллии баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит дар асоси стандартҳои байналхалқӣ, омӯзонидани асосҳои ташкили баҳисобгирии муҳосибии низоми буҷавӣ буд.

Тибқи шартномаи тарафайн Парки инноватсионию технологӣ уҳдадории худро дар самти тайёрнамоӣ ва такмили ихтисоси касбии кормандони СҚС КДАМ ҶТ пурра иҷро ва дар ҷараёни он захираҳои пуриқтидори моддию техникии донишкадаро мавриди истифода қарор дода, мутахассиси варзидаи соҳа Дилбар Раҳимоваро барои гузаштани дарсҳо ҷалб ва бо ҳамин омили муваффақияти курсро таъмин намуд.

Ҳаминро бояд қайд кард, ки сарфи назар аз шароити хеле хуби баргузории раванди таълим дар донишкада шарти асосии муваффақияти курсҳои кӯтоҳмуддат, пеш аз ҳама, малакаю маҳорати шахсии устоди мустақиман ба шунавандагон дарсгузаранда мебошад.

Дар хотимаи курс шунавандаҳое, ки имтиҳони ҷамъбастиро бо зиёда аз 75 хол супориданд, бо гувоҳномаи соҳибкасбӣ сарфароз гардиданд.


Убайдуллоев Ф., директори

Парки инноватсионию технологии ДМИТ