Хабарҳо
Эътирофи мақолаҳои илмии устодони мо дар хориҷа
Яке аз устодони донишкада номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ Саъдулло Носиров дар конференсияи илмӣ-методии III умумироссиягӣ (бо иштироки байналмилалӣ) таҳти унвони «Преемственные подходы в профессиональной подготовке педагогов к непрерывному социально-личностному развитию детей дошкольного и младшего школьного возраста в условиях реализации ФГОС», ки ба наздикӣ дар Донишгоҳи давлатии ба номи Александр Григоревич ва Николай Григоревич Столетовҳои шаҳри Владимири Федератсияи Россия баргузор гардид, ба таври фосилавӣ иштирок намуд. Мақолаи Носиров С. дар мавзӯи «Пути совершенствования урока в современной школе (на примере общеобразовательных школ Республики Таджикистан)» дар маҷмӯаи мақолаҳои иштирокчиёни конфронс рӯи чоп омад ва мавсуф соҳиби сертификати он гашт.