Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Моҳияти идоракунӣ дар мақомоти гумрук

Моҳияти идоракунӣ дар мақомоти гумрук

Чунин унвон дошт маҳфили навбатии илмии гумрукчиёни оянда, ки рӯзи 2 ноябр доир гашт.

- Идоракунӣ масъулияти баланд ва дониши васеи тахассусиро талаб мекунад. Дар мақомоти гумрук танҳо ҷавонони соҳибтахассус, бофарҳанг ва бо иродаи қавӣ метавонанд ифои вазифа намоянд, гуфт Қудратулло Мираков, н.и.и. мудири кафедраи фаъолияти гумрукӣ зимни суханрониаш.

Баъдан устоди ҳамин кафедра ва роҳбари маҳфили илмӣ Зафар Ҳалимхонов қайд намуд, ки моҳияти идоракунӣ ин, пеш аз ҳама, тарзи дуруст идора кардан, ҷо ба ҷо кардани кадрҳо, раванди идоракунӣ, шаклҳо, принсипҳо ва механизмҳои идоракунӣ дар мақомоти гумрук фаҳмида мешавад. Ҳамзамон моҳияти идоракунӣ ин ба тарзи системаноки муташаккил ва мақсаднок ба хотири ба даст овардани ҳадафи асосӣ ба роҳ мондани фаъолият аст.

Донишҷӯёни риштаи гумрук – Олисомон Ҳоҷиев, Меъроҷ Раҳимов ва Тоҷиддин Ашуров паҳлӯҳои гуногуни мавзӯи мавриди назарро дар баромадҳояшон баррасӣ намуда, ба суолҳои сершумори ҳозирин ҷавобҳои қонеъкунанда доданд.

Маҳфил хеле шавқовар ва ҷолиб сурат гирифт.


Машҳура Абдуллоева