Хабарҳо

Таҷлили Рӯзи Сарқонун дар ДМИТ
3 ноябри соли равон дар толори фарҳангии донишкада бахшида ба 21-умин соргарди рӯзи қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ барпо гардид.
Онро ноиби ректор оид ба илми донишкада Ғиёсиддин Ашӯров ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки ин санади асосӣ ҳамчун муайянкунандаи роҳу равиши кишвари соҳибистиқлоли тоҷикон хизмат менамояд. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷумлаи беҳтарин санадҳо дохил шуда, мабдаъҳои ҷавҳариаш нахустасоси таъминкунандаи ҳаёти осудаи мардуми кишвар ва рушди муттасили соҳаҳои гуногуни ҷомеа ба шумор меравад.
Намояндаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳриёр Орифӣ низ ба табрики устодону кормандон ва донишҷӯён омада, ҳамагонро ба муносибати 21-умин солгарди Сарқонун муборакбод гуфт.
Сипас маърузаи мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Саидалӣ Ҳаитов дар мавзӯи «Мафҳум, мазмун ва моҳияти Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ассистенти кафедраи мазкур Сулаймон Дӯстов дар мавзӯи «Нақши Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эҳёи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ» шунида шуд. Маърузачиён афзуданд, ки мавқеи Конститутсия дар муайян ва равон кардани мазмуни қонунҳои сершумор ва санадҳои ҳуқуқии Тоҷикистон бо роҳи татбиқи асосҳо ва заминаҳои муқарраргардида хеле калон аст. Аз ин рӯ, Конститутсия ва ҳолату меъёрҳои он дар ташаккулёбии низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар пайдо гардидан ва камолоти давлатдорӣ дар кишвар аҳамияти муайянкунанда дорад.
Ҳамзамон зикр гардид, ки Сарқонун ҳуҷҷати расмии дорои аҳамияти ҷамъиятӣ ва давлатӣ буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ мебошад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон, дахлнопазирии ҳудудии кишвар, моҳият ва вазифаи давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ ва шакли давлатдории Тоҷикистон, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, асосҳои иқтисодию сисёсӣ, иҷтимоию фарҳангии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон эълон шудаанд.
Дар охир, Ғиёсиддин Ашӯров аҳли нишастро як бори дигар бо ҷашни қабули Сарқонун-бахтномаи миллат муборак намуд.
Насрулло ТӮЙЧИЗОДА
Суратгир Толиб Фозилов