Хабарҳо

Конститутсия - бақои мо
4 ноябр маҳфили навбатии илмии кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва моливӣ - «Ҳуқуқдони замони муосир» барпо гардид.
Маҳфилро дотсенти кафедраи мазкур Навоиддин Носиров ифтитоҳ намуда, афзуд, ки ин навбат маҳфил ба муносибати 21-солагии солгарди қабули Сарқонун (Конститутсияи) Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад.
Сипас донишҷӯён Музаффар Алиев дар мавзӯи «Конститутсия - заминаи дурнамои инкишофи Тоҷикистон», Рустам Неъматов «Таърихи қабули конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Файзулло Маҳмадуллоев «Конститутсия- бақои мо», Амирҷон Маҳсуддинов «Шукри Сарқонуни кишвар» баромад намуданд.
Ҳамзамон бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ озмуни «Беҳтарин донандаи Конститутсия» барпо шуд ва донишҷӯёни ғолибомада бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Насрулло Тӯйчизода