Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Маҳфил дар хобгоҳ

Маҳфил дар хобгоҳ

Ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе ва панҷшанбе дар хобгоҳи № 2-и ДМИТ маҳфили илмӣ  бо ташаббуси мутахассиси шуъбаи тарбия оид ба хобгоҳ  Ҷ. Боймуродов  ва раиси бахши илми шӯрои донишҷӯёни хобгоҳ А. Бобозода  барпо мегардад.  Ҳадаф аз баргузории маҳфил баррасии масъалаҳои рӯзмараи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар байни донишҷӯён мебошад.

Дар маҳфили навбатӣ, ки рӯзи 3 ноябр барпо гардид, донишҷӯён Муҳаммад Каримов дар мавзӯи «Моҳият ва зарурияти қоғазҳои қимматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Меҳрангези Наврӯзҷон «Давлати Сомониён», Шоҳрух Сафаров – «Аҳамияти корхонаҳои муштарак дар болоравии сатҳи иқтисод» маърӯза намуданд.  Вобаста ба маърӯзаҳои шунидашуда байни иштирокчиён саволу ҷавоб ва мулоҳизаронӣ сурат гирифт.

Ба гуфтаи мутахассиси шуъбаи тарбия оид ба хобгоҳ Ҷ. Боймуродов дар оянда низ чунин маҳфилҳо бештар сурат гирифта, яке аз маҳфилҳои навбатӣ  ба таҳлили шеър ва маҳорати суханварӣ бахшида мешавад.


Насрулло Тӯйчизода