Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Забони модарӣ - ҳастии миллат

Забони модарӣ - ҳастии миллат

4 ноябр маҳфили илмию тарбиявии «Фарҳангдӯст» дар мавзӯи «Чароғи раҳнамои хештаншиносӣ» барпо гардид. Маҳфилро ноиби ректор оид ба илм Ғиёсиддин Ашӯров ифтитоҳ намуд.

Сипас риштаи сухан ба меҳмони донишкада Баҳриддин Камолиддинов-доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  дода шуд. Б. Камолиддинов дар маърӯзаи пурмуҳтавои худ  бо мисолҳои аҷиб ва ибратомӯз аз таъриху ташаккули забони тоҷикӣ ёдовар шуд.  Номбурда аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки барои ҳифзу эҳтироми забони модарӣ ва тозаю беолоиш нигоҳ доштани он ҳамчун як фарди ватандӯст талош варзанд.

Ғ. Мирзоев - номзади илмҳои фалсафа, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ низ дар барои хештаншиносӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ баромад намуд.

Чорабинӣ бо саволу ҷавоб ва мулоҳизарониҳо ҷамъбаст гардид.

Насрулло Тӯйчизода