Хабарҳо

Баргузории курси омӯзишӣ оид ба таъмини амният дар сарҳад
Аз 5-ум то 30-юми октябри соли 2015 дар ш. Душанбе зери сарпарастии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо курси омӯзишии навбатии 14-уми ҳайати роҳбарикунанда оид ба таъмини амнияти сарҳадот баргузор гардид. Дар ин курси омӯзишӣ роҳбарону кормандони хадамоти сарҳадию гумрукӣ аз Тоҷикистон, Афғонистон, Украина, Беларус, Гурҷистон, Эстония, Македония ва Молдова иштирок доштанд. Дар баробари сохторҳои давлатӣ, ҳамчунин Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳам аввалин мактаби олиест, ки барои иштирок дар курси мазкур даъват ва устоди кафедраи фаъолияти гумрукӣ Давлатова Тоҷинисо дар ин курси омӯзишӣ иштирок намуда, соҳиби сертификат шудааст.
Дар давоми курс коршиносони варзида аз Полша, Британияи Кабир ва дигар кишварҳои Аврупо бо ширкаткунандагон машғулиятҳо гузаронида, онҳоро бо усулу воситаҳои муосири таъмини амният дар сарҳадот ошно намуданд.
Рӯзи 30 октябр маросими хотимаи курс ва ба ширкаткунандагон тақдим намудани сертификатҳо доир гашт. Дар ин маросим намояндагони баландпояи Раёсати неруҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ, Агентии назорати маводи мухаддири назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони сафоратхонаҳои Афғонистон, Украина, ИМА, инчунин ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон А. Солеҳзода, муовини ректор оид ба равобити хориҷӣ Б. Сафаров, декани факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ Н. Попов ва мудири кафедраи фаъолияти гумрукии ин донишкада Қ. Мираков иштирок доштанд.
Дар баромади хеш А. Солеҳзода самаранокӣ ва фоидаи чунин курсҳоро таъкид намуда, ба намояндагони САҲА ва коршиносони хориҷӣ барои ҳамкории мутақобилан судманд изҳори сипос кард.