Хабарҳо

Баррасии муаммоҳои бонкҳои тиҷоратӣ
5 ноябри соли ҷорӣ бо ташаббуси кафедраи фаъолияти бонкии факултети молия ва қарз маҳфили илмии донишҷӯён таҳти унвони «Муаммоҳои имрӯзаи пардохтпазирии бонкҳои тиҷоратӣ» доир гардид.
Маҳфилро бо сухани муқаддимавӣ мудири кафедраи мазкур Сандалов Ҳ. ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки барои пешрафти соҳаи бонкдорӣ ва иқтисодиёт мутахассисони баландпояро бояд омода созем ва баргузории маҳфилҳои илмӣ барои тақвияти дониши толибилмон такони ҷиддие мебахшад.
Сипас Раҳимов О., ассистенти кафедраи фаъолияти бонкӣ дар мавзӯи «Нақши бонкҳои байналмилалӣ дар болоравии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон», донишҷӯёни курси 4-уми ихтисоси кори бонкӣ: Солиев Н., дар мавзӯи «Муаммоҳои имрӯзаи пардохтпазирии бонкҳои тиҷоратӣ», Раҳимова Д., доир ба мавзӯи «Назарияи олимон оид ба сиёсати пулию қарзӣ», Зоиров О. дар мавзӯи «Бехатарии фаъолияти бонкҳои тиҷоратӣ дар шароити имрӯза» маърузаҳои пурмуҳтаво карданд.
Қайд гардид, ки ҷалби қарзҳои беруна, махсусан қарзҳои бонкҳои байналмилалӣ ҷузъи муҳимми рушди иқтисодиёти Тоҷикистон мебошанд. Аз ҳисоби маблағҳои мутобиқи стратегияҳои миллӣ ҷалбшаванда татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёти кишвар амалӣ карда мешаванд. Ҳар як давлат мехоҳад ба ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, чун Бонки умумиҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки осиёгии рушд, Бонки исломии рушд ва ғайраҳо аъзо бошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аъзои ин гуна ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ буда, бо истифода аз маблағҳо ва сармоягузориҳои бардавоми онҳо ба рушду пешравӣ ноил гардидааст.
Хусрав Муҳиддинов