Хабарҳо

Назария ва амалияи рушди соҳаҳои иқтисодӣ дар кишвар
Имрӯз, 10 ноябри соли равон дар донишкада конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Назария ва амалияи рушди соҳаҳои иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барпо гардид. Дар кори он Шавкат Соҳибов, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Умед Давлатзод, муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдо, Азимӣ Зафар Исмоил, сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва олимону муҳаққиқони соҳа иштирок намуданд.
Онро ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки баландбардории сифати манобеи инсонӣ ва мукаммалгардонии қобилияти соҳибкорӣ дар ҳар як кишвар аз заминаи илмию таҷрибавии муассисаҳои академӣ дар раванди таҳсил ва сатҳи ҳамгироии илм бо маориф ва бо таҷриба вобаста мебошад.
Имрӯзҳо 25-30 %-и донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар ҷумҳурӣ аз рӯи ихтисосҳои иқтисодӣ ва идоракунӣ таҳсил менамоянд. Дар рақобати солим байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳамон муассисае, ки бо усулҳои муосири инноватсионӣ сифати таълимро беҳтар мегардонад ва мутахассисони соҳибкасбро омода менамояд, ғолиб омада метавонад. Ғолибият ин на фақат пешсаф будан аст, ғолибият ин назар ба марҳилаи пеш беҳтар гардидан аст. Бинобар ин, Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар самти беҳтар намудани сифати таълим якчанд мақсадҳоро дар Стратегияи инкишофи донишкада то соли 2020 ҷой додааст ва амалӣ гардонида истодааст.
Якум, ин фаъолият аз рӯи принсипи «Мактаб бояд фикррониро ёд диҳад, на азёдкуниро». Исбот шудааст, ки дар ҳолати бевосита агар донишҷӯ дар ҳали ҳолатҳои воқеӣ иштирок намояд, ӯ на танҳо назария ва амалияро аз худ менамояд, балки қобилияти фикрронӣ, таҳлилӣ, созандагӣ ва инноватсионии ӯ инкишоф меёбад. Бинобар ин дар барномаҳои таълимӣ ва дарсҳо ҳалли ҳолатҳои воқеӣ, масъалаҳо, иҷрои супоришҳо ва презентатсияҳо васеъ истифода мешавад ва омӯзгорон бо усулҳои нави таълим омӯзонида шудаанд.
Дуюм, ташкили кластерҳои таълимӣ-инноватсионӣ-истеҳсолӣ бо роҳи ҳамкорӣ намудан бо муассисаҳо ва корхонаҳо барои иҷрои супоришҳо ва ҳалли мушкилиҳо ва додани машваратҳо. Принсипи асосии ташкилёбии кластерҳо ин муттаҳидшавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ ва истеҳсолот (бахши хусусӣ ва давлат) барои ҳалли масъалаҳои бо фаъолияти онҳо алоқаманд ва ташкили низоми доимии ҳамкориҳо дар асоси заминаҳои ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад. Аз намунаҳои намоёни чунин кластерҳо Паркҳои инноватсионию истеҳсолӣ ва инчунин Марказҳои таҳқиқотӣ ба ҳисоб мераванд, ки доираи фаъолияти он васеъ мебошад. Донишкада дар самти фаъолияти ҳар ду намуд чораҳои амалӣ андешида истодааст.
Сеюм, самти муҳими консепсияи баҳамвобастагии таълимот бо амалия фаъолияти бизнес-инкубаторҳо мебошад. Алалхусус барои дастгирии соҳибкорони навтаъсис ва ҷавон барои таҳияи бизнес-нақшаҳо, генератсияи ақидаҳо оид ба бизнес, ташкили маълумот ва базаи лоиҳаҳо бизнес-инкубаторҳо саҳмгузори асосӣ буда метавонанд.
Боварӣ дорем, ки ин конфронсҳо майдони мубоҳисотро ташкил намуда, дар асоси тадқиқотҳо ба вазорату мақомоти дахлдор пешниҳодҳои бунёдӣ намоянд, гуфт дар охир ректор.
Баъдан Шавкат Соҳибов баромад намуда, муҳимияти мавзӯи матраҳгардидаро қайд кард ва ба кори иштирокчиёни конфронс барор хост.
Сипас аз ҷониби У. Давлатзода дар мавзӯи «Нишондиҳандаҳои асосии рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нӯҳ моҳи соли 2015», Мио Нюнт, роҳбари Лоиҳаи «Дастгирии самтҳои алоҳидаи ислоҳот дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ: Лот1»-и Иттиҳоди Аврупо дар мавзӯи «Асосҳои микроиқтисодии макроиқтисод ва институтсионализм», Питер Довчик, мушовири байналмилалӣ оид ба макроиқтисод дар Лоиҳаи «Дастгирии самтҳои алоҳидаи ислоҳот дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ: Лот1» дар мавзӯи «Масъалаҳои дисбаланси макроиқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Д. Қандиёрова профессори кафедраи назарияи иқтисоди ДМИТ дар мавзӯи «Вазъи муосири раванди муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯзаҳои пурмуҳтаво шунида шуд.
Аз рӯи таҳлилҳо, гуфта шуд дар баромадҳо, аз рӯи якчанд нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон таъсир расонидааст. Дар ҷамъбасти соли 2014 рушди иқтисодӣ 6,7%-ро ташкил намуд, ки назар ба соли 2013 0,7% камтар аст. Ҳаҷми содирот ва воридоти кишвар дар нимсолаи 2015 мутаносибан 7,9% ва 25,0% кам шуд. Ин дар ҳолест, ки ҳамасола воридоти кишвар рӯ ба афзоиш буд (дар нимсолаи 2014 назар ба нимсолаи 2013 воридот 11,2%афзоиш ёфта буд). Дар нимсолаи 2015 қурби расмии сомонӣ нисбати доллари ИМА 17,9% ва қурби бозорӣ 19,6% поён рафт. Ҳаҷми маблағи аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ ба Тоҷикистон фиристода дар соли 2014 3,85 млрд доллари ИМА-ро ташкил дод, ки назар ба соли 2013 8,7% камтар аст. Гуфта шуд, ки дар шароити ҷаҳонишавии бозори ҷаҳонӣ ва авҷи рақобати байналмилалӣ низоми баҳамвобастагии хоҷагиҳои миллӣ устувор гардидааст. Ин зуҳурот бо густариши робитаҳо ва мавқеи омили беруни иқтисодӣ дар ҷараёни таҳаввулоти бозорҳои миллӣ аёнтар мешавад.
Дар конфронс асосан масъалаҳои зерин, аз қабили муаммоҳо ва дурнамои инкишофи иқтисодиёти соҳавӣ, асосҳои микроиқтисодӣ, макроиқтисодӣ ва институтсионалии рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тағйироти таркибии иқтисодиёт ва таъсири он ба шуғли аҳолии иқтисодиёти ниҳонӣ, масъалаҳои гаронии андозбандӣ ва таъсири он ба рушди иқтисодиёти соҳавӣ, рушди соҳаҳои иқтисодиёт дар шароити иқтисоди кушоди хурд ва ғайраҳо мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор гирифт.
Ҳамчунин кори конфронс аз рӯи бахшҳои алоҳида дар мавриди масъалаҳои мушаххаси рушди иқтисодии мамлакат, тавозуни байнисоҳавӣ, амалия ва назарияи он, такмил додани муносибатҳои молию пулӣ ва истифодаи таҷрибаи давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон муҳокима гардиданд.
Ҳадафи баргузории конфронси мазкур ин муаррифии тадқиқотҳои илмии олимон, муҳаққиқон, магистрони ДМИТ ва берун аз он ҳамчун натиҷаи пурсамари ҳамкориҳои бисёртарафаи донишкада ва сохторҳои дахлдор дар самтҳои дар боло зикргардида мебошад.
Пагоҳ конфронс корашро ҷамъбаст мекунад.
Машҳура Абдуллоева