Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Факултети МИБ озмун гузаронд

Факултети МИБ озмун гузаронд

Бахшида ба таҷлили 21-умин солгарди Конститутсияи (Сарқонун) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ озмуни рӯзномаи девории беҳтарин гузаронида шуд. Дар он беш аз 15 кори иҷронамудани донишҷӯёни факултет пешниҳод гардида, ба маърази тамошо гузошта шуд. Дар амали толибилмон мазмун ва моҳияти Сарқонун, волоияти қонун, ҳимояи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд, ҳувияти миллӣ ва хештаншиносии насли ҷавон таҷаллӣ ёфта буд.

Озмун рӯзи 5 ноябр ҷамъбаст гардида, ҳайати ҳакамон дар шахсияти Имматшоев З., Мираков Қ., Давлатшоева З., Содиқов М. ва Давлатов Б. корҳои ба озмун пешниҳодгардидаро аз рӯи хусусиятҳои кори дастии донишҷӯён будан, муҳтаво ва мазмун доштан, зебогӣ ва ҷолибии амал, муаррифии он баҳогузорӣ карданд.

Дар натиҷа, ҷои аввал насиби донишҷӯёни курси 1, ихтисоси 1-25010407, гурӯҳи «А», ҷои дувум – донишҷӯёни курси 1, ихтисоси 1-250103, гурӯҳи «Б» ва ҷои севум насиби толибилмони курси 3, ихтисоси 1-960101, гурӯҳи «Б» гардид.

Бояд гуфт, ки баргузории ин қабил озмунҳо барои кашфи истеъдодҳои тоза ва баланд бардоштани завқи зебопарастӣ ва хештаншиносии донишҷӯён мусоидат менамояд.


Машҳура Абдуллоева