Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Тренинги «Бизнес-идея»

Тренинги «Бизнес-идея»

Пешниҳоди бизнес-идеяҳо, қобилият, имконият ва натиҷаҳои он дар тренинги «Бизнес-идея», ки рӯзи 11 ноябри соли равон аз тарафи профессори кафедраи менеҷменти донишкада Шавкат Бозоров барои устодону донишҷӯён ташкил карда шуд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Шавкат Бозоров бо овардани мисолҳои мушаххас дар бораи пешниҳоди бизнес-идеяҳо, ки бояд навгонӣ дошта, амалишаванда, воқеиву камхарҷ, манфиатовар ва ба меъёрҳои экологӣ ҷавобгӯ бошанд, иттилоъ дод.

Мавсуф аз ҷумла, қайд кард, ки ду сарчашмаи асосии пеш бурдани идея ҳаст, ки ин вобаста ба интуитсия ва ратсионалӣ мебошанд. Решаи ҳамаи идеяҳо асоси техникию иқтисодӣ доранд.

- Бигзор идея ночиз бошад, вале он идеяи шахсӣ бояд бошад, гуфт дар ҷамъбаст баромадкунанда.

Дар охир байни нотиқ ва донишҷӯён саволу ҷавоб сурат гирифт.


М. Абдуллоева