Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Қарзҳои мушкилситон дар бонкҳои тиҷоратӣ

Қарзҳои мушкилситон дар бонкҳои тиҷоратӣ

Рӯзи 12 ноябри соли ҷорӣ бо ташаббуси кафедраи фаъолияти бонкии факултети молия ва қарз семинари илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Қарзҳои мушкилситон ва роҳҳои ҳалли онҳо дар бонкҳои тиҷоратӣ» доир гардид.

Дар он директори филиали маркази хизматрасониҳои бонкии ҶСК «Ориёнбонк», номзади илмҳои иқтисодӣ Алимурод Бобоев иштирок ва суханронӣ кард. Мавсуф дар мавзӯи муаммоҳои қарзҳои мушкилситон ва роҳҳои ҳалли онҳо дар бонкҳои тиҷоратӣ маъруза намуд. Гуфта шуд, ки бо мақсади пешгирии талафотҳои имконпазир аз рӯи қарзҳои додашуда бонкро зарур аст, ки баъди додани қарз аз болои он доимо назорат барад ва яке аз усули беҳтарин барои бонк ин якҷоя бо қарздор кор карда баромадани нақша-чорабиниҳо оид ба пардохти қарз мебошад.

Дар охир, роҷеъ ба дигар усулҳои баргардонидани қарзҳои бонкӣ низ маълумот дода шуд.


Хисрав Муҳиддинов