Хабарҳо

Таъсиси «Биржаи фондии Осиёи Марказӣ» - талаби замон
13 ноябри соли равон кафедраи фаъолияти биржавӣ ва коғазҳои қиматнок маҳфили навбатии илмии худро бахшида ба таъсисёбии ҶСК «Биржаи фондии Осиёи Марказӣ» дар Тоҷикистон баргузор намуд. Дар он директори филиали маркази хизматрасониҳои бонкии ҶСК «Ориёнбонк», н.и.и. Алимурод Бобоев иштирок кард.
Мудири кафедраи мазкур, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Абдукарим Муминов иброз намуд, ки дар шароити имрӯза таъсиси Биржаи фондӣ талаботи замон буда, он барои ба танзим даровардани бозори коғазҳои қиматнок мусоидат менамояд.
Сипас маърузаи донишҷӯи курси дуюми ихтисоси бозори фондӣ Моҳира Ҳайдаралиева бо забони англисӣ дар мавзӯи «Батанзимдарории коғазҳои қиматнок» шунида шуд. Донишҷӯи курси чоруми ҳамин ихтисос Муҳаммад Шоев низ дар мавзӯи «Ташаккулёбии биржаи фондӣ ва ҶСК» баромад намуд.
Гуфта шуд, ки мақсади асосии ташкили Бозори фондии Осиёи Марказӣ ин ташаккули муҳити қулай, шаффоф ва боэътимоди сармоягузорӣ барои сармоягузорои маҳаллӣ ва хориҷӣ, фароҳам овардани имкониятҳо барои ҷалби сармояи иловагӣ барои ширкатҳо бо шароитҳои муфид дар давраи кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат, манзур намудани таҷҳизоти навтарини технологӣ барои иштирокчиёни касбии бозори фондӣ мебошад.
Ёдрас мешавем, ки биржаи фондӣ институти молиявӣ буда, фаъолияти бозори коғазҳои қиматнокро ба танзим медарорад. Аввалин биржаи фондӣ соли 1875 дар шаҳри Бомбейи Ҳиндустон ташкил ёфта буд. Дар замони муосир вазифаҳои аввалиндараҷаи бозори фондӣ пешниҳоди коғазҳои қиматнок, таъмини арбитраж ва кафолати иҷрои шартномаи додугирифти дар толори биржа ба амаломада ва ғайра мебошад.
Насрулло Тӯйчизода