Хабарҳо

Тоҷикистон неруи бузурги содиротӣ дорад
Мақсади ҳар як давлати соҳибихтиёр дар хоҷагии ҷаҳон ин баланд бардоштани неруи содиротии худ ва мустаҳкам намудани мавқеи худ дар бозори ҷаҳонӣ мебошад. Вобаста ба ин Тоҷикистон низ дар сафи аксари мамлакатҳои ҷаҳон дар тиҷорати байналхалқӣ фаъолона ширкат карда, рӯз то рӯз содироти молҳои рақобатпазири худро зиёд карда истодааст.
Бо ташаббуси кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалии факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ санаи 14 ноябри соли равон конфронси донишкадавӣ дар мавзӯи «Самтҳои афзалиятноки истифодабарии неру содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Ноиби ректор оид ба илми донишкада Ғиёсиддин Ашуров дар ифтитоҳи он зикр намуд, ки иқтисодиёти замони муосир аз кулли кишварҳои олам, аз ҷумла Тоҷикистон тақозо мекунад, ки маҳсулоти худро дар асоси стандартҳои ҷаҳонӣ ба берун барорад.
Сипас аз ҷониби ноиби ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Баҳром Сафаров дар мавзӯи «Татбиқи имконоти содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърузаи пурмуҳтаво шунида шуд. Номбурда афзуд, ки Тоҷикистон неруи бузурги содиротӣ дошта, беш аз ҳама, қувваи барқ, алюминий, пахта ва маҳсулоти нассоҷӣ ба хориҷи кишвар содир карда мешавад. Агар солҳои шӯравӣ танҳо ба кишварҳои узви Иттифоқи Шӯравӣ робитаи тиҷоратӣ ба роҳ монда шуда бошад, имрӯз Тоҷикистон бо 100 давлати ҷаҳон робитаи тиҷоратӣ дорад. Масалан, ҳаҷми содирот дар муқоиса бо соли 2008 21 маротиба афзоиш ёфтааст. Ҳаҷми бештари содироти мол аз Тоҷикистон ба кишварҳои Туркия, Федератсияи Россия, Эрон, Афғонистон рост меояд. Ҳанӯз ҳам имкониятҳои фаровони истифоданашуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр аст. Масалан, метавонем гардиши савдоро бо Ҷумҳурии Исломии Покистон то 500 миллион доллар афзоиш диҳем. Зеро, ҳар қадаре, ки содирот бештар сурат гирад, имконияти бештари воридот ва гардиши тиҷоратӣ ба миён меояд. Инчунин Б. Сафаров дар бораи коммуникатсия ва нақлиёт, масъалаи ҳамлу нақли мол бо роҳҳои ҳавоӣ, обӣ ва заминӣ мулоҳизаронӣ намуда, зикр кард, ки нархи боркашонӣ барои рақобатпазирии молҳои содиротӣ гарон буда, он барои рушди соҳа монеа эҷод мекунад. Вазъи содироти хизматрасониҳо бошад, афзалияти бештар дошта, фоидаовар аст.
Сипас маърузаҳои устоди кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ Боймурод Одинаев дар мавзӯи «Ҷабҳаҳои назариявии истифодабарии захираҳои обӣ дар шароити Осиёи Марказӣ», ассистенти кафедраи мазкур Қамар Шодиев дар мавзӯи «Шарикони стратегии Тоҷикистон дар доираи содирот» ва магистри курси дуюми ихтисоси молия ва қарз дар ФИБ дар мавзӯи «Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Чин» шунида шуд.
Пас аз баромади маърузачиён иштирокчиён саволҳои мушаххас дода, дар партави он мулоҳиза ва андешаҳои худро баён намуданд.
Насрулло Тӯйчизода