Хабарҳо

«Маърифати молиявӣ» - барои донишҷӯёни фаъол
Бо ташаббуси шуъбаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва ҷамъияти илмии донишкада, Ассосиатсияи соҳибкорони хурду миёна ва Ташкилоти амонатии хурди қарзии «Ҳумо» дар донишкада семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Маърифати молиявӣ» барои донишҷӯёни фаъоли маҳфилҳои илмии донишкада баргузор гардид.
Онро сардори шуъбаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ Қутбиддин Муқимов ифтитоҳ намуда, баргузории ин қабил чорабиниро муҳим арзёбӣ кард.
Раиси Ассосиатсияи соҳибкории хурду миёна Матлуба Ӯлҷабоева дар суханронии худ афзуд:
- Анҷумани мо тасмим гирифтааст, ки бо маҳфилҳои илмии донишкада ҳамкориро бештар созад. Мо то ин вақт бо ширкатҳои бузург ҳамкорӣ доштем. Ин чорабинӣ дар доираи ҳафтаи байналмилалии соҳибкорӣ гузаронида мешавад, ки шурӯъ аз 18 ноябр бо дастгирии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон оғоз мегардад.
Намояндагони ташкилоти амонатии қарзии хурди «Ҳумо» Ҷамшед Маҳмадиев ва Ирина Пилиева доир ба ташкилоти худ маълумот дода, донишҷӯёнро барои дар оянда ҳамкорӣ кардан бо онҳо даъват намуданд. Зикр гардид, ки самтҳои асосии фаъолияти ин ташкилоти хурди молиявӣ барномаҳои иҷтимоӣ буда, ба дастгирии соҳибкории хурд, хоҷагии қишлоқ ва баробарии гендерӣ равона гаштааст. Ин ташкилот дар тамоми ҷумҳурӣ 830 нафар корманд ва беш аз 42 ҳазор миҷози доимӣ дорад.
Насрулло Тӯйчизода