Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Эълон

Эълон

Раёсати Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон хоҳишмандонро ба маҳфили навбатии илмӣ-амалии «Коршиноси иқтисодӣ», ки рӯзи 12 декабри соли 2015, соати 10-00 дар толори маҷлисгоҳи бинои 1-уми донишкада баргузор мегардад, лутфан даъват менамояд.
Масъалаи баррасишаванда дар маҳфил натиҷаи сафари хизматии устодони ДМИТ ба Ҷумҳурии мардумии Чин буда, дар он маърӯза аз нигоҳи истифодаи таҷриба дар мавзӯи «Замина ва омилҳои иҷтимоию иқтисодии тараққиёти иқтисодиёти Хитой» пешниҳод мегардад.
Баромадкунандагон:  н.и.и., мудири кафедраи андоз ва андозбандӣ Ҷумабоев Х.Қ., ва н.и.и., мудири кафедраи менеҷменти молиявӣ Ҷӯраев Х,Ғ.
Аз ҳаводорони илми иқтисод хоҳиш карда мешавад, ки дар он фаъолона ширкат намоянд.

Кумитаи тадорукот