Хабарҳо

Ифтихор аз Парчами миллӣ
Ҳафтаи равон дар факултети ҳисобдорӣ ва омор силсилаи дарсҳои тарбиявӣ доир ба мавзӯи «Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – муқаддасоти миллӣ» гузаронида мешавад. Ин навбат дар курсҳои 1 ва 2, ихтисоси таҳлили иқтисодӣ дарси кушоди тарбиявии куратори гурӯҳ Саъдулло Ҳакимов, устоди кафедраи таҳлили иқтисодӣ доир ба мавзӯи боло сурат гирифт.
Дар ибтидо муаллим дар бораи Парчами миллӣ ҳамчун муқаддасоти миллӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба он, парчами миллӣ муаррифгари давлати тоҷикон ва нишонаҳои онро тафсир дода, афзуд, ки аз он рӯзе, ки миллати соҳибмаърифати мо соҳиби парчам гардид, дар ҳаёти мамлакату ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва маънавиёти мардум шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Баъдан донишҷӯён Ҳилола Шукурова дар мавзӯи «Ифтихор аз парчами миллӣ», Муштарӣ Лутфишоева дар мавзӯи «Аз таърихи Парчам», Амирҳамза Лоиқов – «Рангҳои Парчами миллӣ», Хайём Исмоилов дар мавзӯи «Дастовардҳои истиқлолият дар зери парчами миллӣ» маърузаҳои пурмазмун карданд.
Гуфта шуд, ки Парчами миллии мо дар қатори парчами дигар кишварҳо дар созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ ҷойгузин гардидааст ва ин бегумон, мояи ифтихору рӯҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамватанони мо мебошад.
Дар фарҷом, донишҷӯён Анӯшервон Мусофиров, Алифмо Катаганова, Шариф Мениқулов, Сафарбек Шералиев арҷгузории хешро нисбат ба Парчами миллӣ ва меҳру муҳаббаташонро нисбат ба Ватани маҳбуб бо қироати намунае аз ашъори шоирон иброз доштанд.
Машҳура Абдуллоева