Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Мақсад: пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ

Мақсад: пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ

Бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳо ва равияҳои ғайриқонунии экстремистӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни онҳо рӯзи 17 ноябри соли ҷорӣ бо ташаббуси шуъбаи тарбия вохӯрии устодону кормандон ва донишҷӯёни донишкада бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони ШВКД-1 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе доир гардид. Дар он сардори ШВКД-1-и ноҳияи Сино полковники милитсия Нумонзода Раҳматулло Ислом, сардори ШШМ ШВКД-1 подполковники милитсия Абдуллозода Асомуддин ва ёрдамчии сардори ШВКД-1-и ноҳияи Сино майори милитсия Алимов Нарзулло иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҷаласаро ректори донишкада Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид кушода, баргузории ин қабил вохӯриҳоро муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ кард. Мавсуф, аз ҷумла қайд намуд, ки Раёсати донишкада барои барқарор намудани робитаи доимӣ бо мақомотҳои қудратӣ ва бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани маърифати зеҳниву маънавии наврасону ҷавонон, пешгирӣ намудани сатҳи ҷинояткорию ҳуқуқвайронкунӣ саъю кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Баъдан Нумонзода Раҳматулло Ислом суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки ҷавонон, бахусус донишҷӯён имрӯзҳо аз даврони истиқлолият ва неъматҳои фаровони сулҳу ваҳдат шукргузорӣ намуда, барои таҳсили хуб ва дар оянда мутахассиси варзида гардидан талош намоянд. Инчунин қайд намуд, ки вазъи ҷаҳони имрӯза аз ҳар кадоми мо зиракии сиёсӣ ва идроки баландро талаб менамояд. Мо бояд ба оромиву суботи кишвар ва ваҳдати миллӣ шукрона намоем. Бо шарофати истиқлолияти давлатии кишвар ва тинҷию оромӣ ҳамасола ҷиҳати дастгирию ғамхорӣ аз тарафи ҳукумати мамлакат ба ҷавонон имтиёзҳои зиёд пешкаш мегардад. Ҳамасола тибқи квотаи президентӣ ба таҳсил фаро гирифтани донишҷӯён ва тариқи ройгон таҳсилу зист намудани донишҷӯёни ятим, аз ҷумлаи ғамхориҳои давлату ҳукумат мебошад. Аз ин рӯ, ин неъматҳои бебаҳои барои Шумо муҳайё гардидаро дуруст истифода намуда, ҳамеша барои азхуд кардани илмҳои пешрафтаи ҷаҳон саъю кӯшиш намоед. Чунки масъулияту ояндаи миллату давлат ва тақдири наврасону ҷавонони оянда дар дасти Шумоён хоҳад буд, гуфт дар охир баромадкунанда.

Дар фарҷом байни ҳозирин ва меҳмонон суолу ҷавоб сурат гирифт. Онҳо асосан фарогири масъалаҳои вазъи кунунии ҷаҳон, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, таъмини волоияти қонун дар кишвар ва дигар масоилро дар бар мегирифт.


Бегмурод Раҷабов

сардори шуъбаи тарбия