Хабарҳо

Иштироки устодони ДМИТ дар семинари омӯзишӣ
Аз 18 то 20-уми ноябри соли равон дар меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе дар доираи Лоиҳаи «Дастгирии самтҳои алоҳидаи ислоҳот дар бахши идоракунии молиёти давлатӣ», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Лоиҳаи Луис Бергер маблағгузорӣ мешавад, курсҳои омӯзишӣ доир мегардад. Дар он намояндагони мақомоту вазоратҳои дахлдори Тоҷикистон, коршиносони дохилӣ ва хориҷӣ, инчунин устодони Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон иштирок меварзанд.
Дар рӯзи ифтитоҳи семинар 18 ноябр коршиноси байналмилалӣ дар бахши идоракунии молияи давлатӣ Артак Кюрумян дар муаррифии худ доир ба ислоҳот ва вазъияти идоракунии буҷети давлатии кишварҳои пасошӯравӣ, аз қабили Арманистон, Латвия ва Молдова иттилоъ дод. Ҳамзамон Саодат Сайфутдинова, коршиноси маҳаллӣ аз таҷрибаи Тоҷикистон ёдовар шуд.
Зикр гардид, ки семинари омӯзишии мазкур барои баланд бардоштани малакаи касбии мутахассисон ва кадрҳои калидии муассисаю вазоратҳои дахлдоре, ки фаъолияти банақшагирӣ ва коркарди сиёсати буҷавиро пеш мебаранд, мусоидат менамояд.
Насрулло Тӯйчизода