Хабарҳо

Баргузории Шўрои машваратии хадамоти гумрук
Рўзи 17 ноябри соли равон дар бинои Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шўрои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ намояндаҳо аз вазорату идораҳое, ки бевосита ба фаъолияти иқтисоди хориҷӣ сару кор доранд, роҳбарони ширкатҳои брокерони гумрукӣ ва намояндагони дигар сохторҳо, аз ҷумла ДМИТ иштирок доштанд.
Мақсади Шўро ҳамчун мақоми ҷамъиятию машваратӣ ин, пеш аз ҳама, мусоидати мақомоти гумрук ба соҳибкорон ва соҳаи саноат дар татбиқи сиёсати гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини ҳифзи манфиатҳои иқтисодии мамлакат ва ташкил намудани шароитҳои мувофиқ барои фаъолияти соҳибкорӣ, такмили сохтори амалиёти содиротию воридотӣ ва ҷалб намудани сармояи хориҷӣ мебошад.
Зимни суханронӣ сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ, генерал-лейтенанти адлия Абдуфаттоҳӣ Саид доир ба фаъолияти гумрукӣ баҳри такмили сиёсати гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, содагардонӣ ва суръатбахшии расмиёти гумрукию гардиши тиҷорати хориҷии молу воситаҳои нақлиёт ибрози ақида карда, ҳамчунин дар хусуси татбиқи вазифаҳои зерин - баланд бардоштани сатҳи одоби ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ, мусоидат намудан ба амалигардонии тадбирҳо ҷиҳати татбиқи ягонаи қонунгузории гумрукӣ, тарѓиби фаъолияти гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия намудани таклифҳо доир ба такмил ва содагардонии шакл ва усулҳои назорати гумрукӣ, мубориза бар зидди вайронкунии қоидаҳои гумрукии ҳангоми интиқоли молу воситаҳои нақлиёт тавассути сарҳади гумрукӣ содиршаванда, таҳия ва ба мақомоти дахлдор пешниҳод намудани таклифҳо оид ба санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ва мусоидат намудан ба амалигардонии тадбирҳои ба ҳифзи манфиатҳои молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва истеъмолкунандагони молҳои воридотӣ нигаронидашуда ишора кард.
Дар фарҷоми ҷаласа сардори Хадамоти гумрук ва муовинонаш ба саволҳои ҳозирин ҷавобҳои мушаххас доданд.
Қудратулло Мираков
мудири кафедраи фаъолияти гумрук