Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Парчам нишонаи соҳибдавлатист

Парчам нишонаи соҳибдавлатист

19 ноябри соли ҷорӣ бо ташаббуси шуъбаи магистратураи донишкада мизи мудаввар бахшида ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Онро бо сухани муқаддимавӣ сардори шуъбаи мазкур Муҳаммадӣ Ашуров ҳусни оғоз бахшид.

Сипас мудири шуъбаи табъу нашр Саъдулло Носиров дар бораи муқаддас будани парчами давлатӣ андешаронӣ карда, афзуд, ки парчам ин нишонаи таърих ва соҳибдавлат будани ҳар як миллатро инъикос мекунад ва кишвари азизи мо низ бо парчами худ дар тамоми чаҳон ҷойгоҳи хоси худро касб кардааст.

Мудири шуъбаи равобити байналмилалӣ Манучеҳр Диловаров дар ин чорабинӣ иштирок ва доир ба таърихи парчами давлатӣ бо забони англисӣ маълумот дод.

Ҳамчунин дар ин чорабинӣ магистрантон, аз ҷумла Мубораки Назирмад, магистранти соли 2-юми ихтисоси баҳисобгирии муҳосибӣ дар мавзӯи «Таърихи парчам», Миҷгона Шарофиддинова, магистранти соли 1-уми ихтисоси молия ва қарз дар ФИБ дар мавзӯи «Парчами давлатии Тоҷикистон» бо забони русӣ, Бобозода Афзалшоҳи Олимҷон, магистранти курси 2-юми ихтисоси андоз ва андозбандӣ дар мавзӯи «Парчами миллӣ нишонаи соҳибистиқлолии тоҷикон», Ҳабибулло Ҷунайдуллозода, магистранти соли 1-уми ихтисоси ҳуқуқи иқтисодӣ бо забони англисӣ маърузаҳои пурмуҳтаво намуданд.

Дар фарҷом қайд карда шуд, ки парчам аз ҷумлаи муқаддасоти миллист ва инсоният онро ҳамчун ливои озодӣ барои амалӣ намудани мақсаду ормонҳои худ баҳри ҳаёти осоишта ва таъмини адолат истифода мебарад. Гузаштагони мо низ дар парчами худ ранги сурху зард ва бунафшу кабудро ҳамчун ойини ҷавонмардиву тавоноӣ ба кор мебурданд. Моро мебояд, ки ба ин муқаддасот арҷгузорӣ карда, паравафшонии онро дар тамоми олам таъмин созем.


Хусрав Муҳиддинов