Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Курсҳои кӯтоҳмуддати педагогӣ барои омӯзгорон

Курсҳои кӯтоҳмуддати педагогӣ барои омӯзгорон

Бо ташаббуси роҳбарият ва раёсати таълими донишкада барои ассистентон ва муаллимони ҷавони кафедраҳо шурӯъ аз 14 ноябри соли 2015 курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишии педагогӣ гузаронида мешавад. Машғулиятҳоро устоди соҳибтаҷриба, номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ Саъдулло Носиров бо маҳорати баланд мегузаронад.

Дарсҳо ҷолибу шавқовар сурат гирифта, дар ин ҷараён проблемаҳои таълим, тарбия, моҳият, принсип ва хусусиятҳои таълим, методҳои наву инноватсияи таълим, равандҳои педагогӣ ва ҳамзамон роҷеъ ба мушкилоти муаллимону усулҳои азбарнамоии дониш, малака ва маҳорат аз сӯи донишҷӯён  мавриди баҳс ва омӯзиш қарор мегиранд.  

Мубоҳиса ва саволу ҷавобҳо перомуни мавзӯъҳои актуалии педагогика бештар доир шуда, дар такя ба талаботи замони имрӯз барномаи курсҳои омӯзишии мазкур роҳандозӣ мешавад.

Бояд таъкид кард, ки бо таваҷҷӯҳи зиёд ба ин курсҳо муаллимон шомил шуда, майлу рағбати бештар зоҳир менамоянд. Ин аз иштироки фаъоли онҳо дар машғулиятҳо далолат медиҳад.    

Ба иттилои Амрулло Нуралиев, сардори Раёсати таълим бо мақсади такмили ихтисоси омӯзгорон ва сайқал додани маҳорати касбии онҳо раёсати ДМИТ пайваста тадбирҳо меандешад.


Макони баргузорӣ: Бинои таълимии 1, Назди раёсати таълими ДМИТ. Рӯзҳои шанбе, аз соати 800 то 1200

Хоҳишмандон метавонанд дар ин машғулиятҳо иштирок намоянд.

Телефон барои тамос: (+992) 988-16-51-57; (+992) 93-531-17-71