Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Мулоқоти намояндаи «Google» бо донишҷӯён

Мулоқоти намояндаи «Google» бо донишҷӯён

Бо ташаббуси шуъбаи корҳои илмӣ-тадқиқотии донишкада 10 нафар донишҷӯёни фаъол бо роҳбарии ассистенти кафедраи менеҷменти молиявӣ Мавзуна Ҳакимова дар семинари дурӯза, ки дар доираи Ҳафтаи байналмилалии соҳибкорон доир шуд, ширкат варзиданд.

Рӯзи 19-уми ноябр дар бинои «Тcell Плаза» муаррифии намояндаи ширкати бонуфузи «Google» Александр Д. Лонг баргузор гардид. Номбурда доир ба ташкилоти худ маълумоти пурра дода, изҳор дошт, ки ин ширкат барои пешрафти илму техника ва инноватсия саҳми бузург мегузорад.

20-уми ноябр бошад, дар бинои ташкилоти амонатии қарзии хурди Finca семинари омӯзишӣ доир гардид. Дар рафти он дар хусуси имкониятҳои ин ташкилот, шароитҳои фароҳамовардашуда барои донишҷӯёну таҷрибаомӯзон маълумот дода шуд. Аз ҷониби кормандони ташкилот гуфтанд, ки онҳо омодаи ҳамкорӣ бо ДМИТ мебошанд. Донишҷуёни курси 2, ихтисоси кори бонкии факултаи молия ва қарзи донишкада Бахтовар Нозилов ва Шоҳрух Маҷидов, ки иштирокчиёни ин семинарҳо буданд, изҳор доштанд, ки ин чорабинӣ барои донишҷӯён муҳим буда, онҳо иттилои навро дарёфт намуданд.


Насрулло Тӯйчизода