Хабарҳо

Парчамат бодо парафшон…
Бахшида ба таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ факултети молия ва қарзи донишкада 23-юми ноябр семинари илмӣ-назариявии донишҷӯёнро дар мавзӯи «Парчамат парафшон бод, Тоҷикистон!» баргузор намуд. Ноиби декан оид ба илми факултет Даврон Хоҷаев семинарро ифтитоҳ намуда, зикр сохт, ки парчами миллӣ нишони давлатдории тоҷикон буда, парчами мо аз зеботарин парчамҳои дунёст.
Донишҷӯи курси 2, ихтисоси иқтисодиёти молия ва бонкӣ Бибикалон Наҷмиддинова дар маърузаи худ «Парчами давлатӣ- муқаддасоти миллат» изҳор намуд, ки парчам рамзи ватандории моро ифода намуда, муаррифкунандаи номи давлати мо дар арсаи ҷаҳон мебошад. Ҳамзамон он рамзи диловарию ҷасурӣ ва озодихоҳии мардуми тоҷик буда, инъикоскунандаи фарҳанги пурғановати миллати мо маҳсуб мегардад. Аз ин ҷост, ки миллати тамаддунофари тоҷик ва хусусан ҷавонон бояд ба қадри арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ бирасанд.
Ҳамзамон донишҷӯи курси 2 Дилнора Амонова низ дар мавзӯи «Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз!» маъруза намуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз кулли иштирокчиёну донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки ба қадри арзишҳои миллӣ ва муқаддастот бирасанд ва онро ҳифз намоянд.

Насрулло Тӯйчизода