Хабарҳо

Таҷлили мутантани рӯзи Парчам
Таҷлили бошукӯҳи рӯзи Парчами давлатӣ ин эҳтирому арҷгузорӣ ба он, бозгӯи якдилӣ ва якдигарфаҳмӣ ва дастгирии сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, гуфт дар сухаронии табрикотиаш ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода зимни чорабинии мутантан, ки рӯзи 23-уми ноябри соли ҷорӣ дар донишкада ба истиқболи ҷашни парчами давлатӣ доир гардид.Сараввал Ашурбой Солеҳзода ҳозиринро бо Рӯзи парчами давлатӣ муборакбод намуд. Ӯ, аз ҷумла қайд кард, ки дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчами он муаррифӣ мегардад. Қадршиносӣ аз Парчами давлатӣ арҷгузориву ифтихор аз давлат, аз гузаштаи худ ва ғамхорӣ ба фардо буда, вай яке аз омилҳои муҳимми худшиносӣ маҳсуб мегардад. Бо дидани Парчам ифтихори ватандорӣ ва эҳсоси масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди халқу миллати хеш боло мегирад. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати миллӣ, шукуфоии кишвар, истиқлолияти комил ва умед ба фардои нек мебошад.
- Ҳар як нафар бояд ба халқу Ватан ва виҷдони худ, аҷдодон ва падару модари худ, сарзамини худ ва муқаддасоти миллӣ содиқ бимонад. Содиқ будан танҳо бо роҳи софдилона иҷро кардани уҳдадориҳои дар пеши худ гузошта баён карда мешавад, гуфт дар охир ба ҷавонон муроҷиат намуда А.Солеҳзода.
Ҳамчунин дар чорабинӣ маърузаҳои Фирӯза Абдувоҳидова, устоди кафедраи фанҳои гуманитарӣ дар мавзӯи «Парчами Ковиён» ва Зоиршо Қодиров дар мавзӯи «Ҷанбаҳои ҳуқуқии қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида шуд.
Дар баромадҳо гуфта шуд, ки парчам аз замонҳои қадим яке аз рамзҳои асосии давлатдории тоҷикон ба шумор меравад. Тавре ки аз саҳифаҳои таърихи ғановатманди халқамон бармеояд, яке аз парчамдорони нахустини халқи мо - Коваи оҳангар будааст. Мояи ифтихори мост, ки имрӯз миллати моро тариқи муқаддасоти миллӣ, аз он ҷумла парчами миллӣ мешиносанд.
Бояд гуфт, ки дар доираи таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар донишкада мусобиқаҳои варзишӣ байни донишҷӯён доир гардид, ки дар ин чорабинӣ он натиҷагирӣ карда шуда, ғолибон бо ҷом ва Дипломҳои дараҷаҳои гуногун сарфароз гардонда шуданд. Ҳамин тавр, дар мусобиқаи намуди шоҳмот дар байни духтарон ва писарон ҷои якум насиби дастаи мунтахаби факултети ҳисобдорӣ ва омор гашт. Ҷои дуюм насиби дастаи факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ ва ҷои сеюм ба дастаи факултети молия ва қарз муносиб гардонда шуд.
Сабқат аз рӯи намуди тенниси рӯи миз бошад, дар байни писарон ҷои аввал насиби донишҷӯёни факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ, ҷои дувум насиби магистрантон, ҷои сеюм насиби факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт гардид. Дар байни духтарон бошад, ҷои аввалро духтарони факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ, ҷои дувумро дастпарварони факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ ва ҷои сеюм насиби факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ гардид.
Ҳамчунин дар байни факултетҳо бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ озмуни гӯшаи беҳтарин таҳти унвони «Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистон!» гузаронида шуда, беҳтаринҳо муайян гардиданд. Маҳсули дастони донишҷӯёни факултети ҳисобдорӣ ва омор ва факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ барои ҷои аввал муносиб дониста шуданд. Ҷои дувум насиби магистрантон, ҷои севумро донишҷӯёни факултетҳои менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ ва молия ва қарз бо ҳам диданд. Ба ҳамаи ҷоизадорон дар вазъи тантанавӣ ректори донишкада Дипломҳои дараҷаҳои гуногун супорид.
Ҳамчунин чанд нафар омӯзгорон ва кормандони донишкада барои меҳнати софдилона ва пурмаҳсул дар соҳаи маориф бо мукофотҳои соҳавӣ мукофотонида шуданд. Аз ҷумла Абдуқаюм Юнусов, директори Китобхонаи илмии донишкада бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», Маҳмадулло Сироҷов, муаллими калони кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, Раҷабалӣ Холбобоев, сармутахассиси раёсати таълим, Холматова Сурайёхон, ассистенти кафедраи назарияи иқтисодӣ бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд. Як қатор омӯзгорони донишкада: Солеҳзода А.А., Ашӯров Ғ., Насриддинов Ф., Бозоров Ш., Убайдуллоев Ф., Попов Н., ки дар семинари «Бизнес-идея» иштирок карда буданд, бо сертификат сарфароз гардонда шуданд.
Дар қисмати бадеии чорабинӣ аз тарафи бахши фарҳанги донишкада бо сарварии Ҷӯрамуроди Муҳаммадназар номераи консертии ҷолиб иборат аз суруду рақс, найнавозӣ, мушоира ва саҳначаҳои ҳаҷвии фарогири мавзӯъҳои Ватан, Парчам, Тоҷикистон ва ҳаёти ҳамарӯзаи донишҷӯён пешкаши тамошобинон гардонда шуд, ки хеле хотирмону дилчасп манзур гашта, бозгӯи арҷгузориву эҳтироми аҳли ҷомеа нисбати муқаддасоти миллӣ – Парчами давлатӣ буд.
Машҳура Абдуллоева