Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Иштирок дар роҳпаймоӣ

Иштирок дар роҳпаймоӣ

Рӯзи 24 ноябри соли равон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар майдони Исмоили Сомонӣ бо иштироки донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо ва муассисаву корхонаҳо роҳпаймоии идона доир гардид. Дар он зиёда аз 40 ҳазор нафар иштирок намуданд.

Боиси зикр аст, ки дар ин чорабинии муҳимми сиёсӣ устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ фаъолона ширкат варзиданд. Аз донишкада беш аз 2 ҳазор донишҷӯ ва 300 нафар устодон бо сарварии ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода роҳпаймоӣ намуда, арҷгузорӣ ва эҳтироми хоси худро нисбати муқаддасоти миллӣ – Парчами давлатӣ нишон доданд. Ин иқдоми ҷавонон бозгӯи ваҳдати миллӣ ва якдигарфаҳмии аҳли ҷомеа ва дастгирӣ аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои боз ҳам таҳким бахшидани пояҳои истиқлолияти давлатӣ такони ҷиддӣ мебахшад.

Машҳура Абдуллоева