Хабарҳо

Иртибот дар низоми менеҷмент
23-юми ноябри соли равон маҳфили навбатии илмии донишҷӯёни риштаи менеҷмент дар мавзӯи «Иртибот дар низоми менеҷмент» доир гардид. Онро ассистенти кафедраи менеҷмент, роҳбари маҳфил Беҳрӯз Саидов ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки дар шароити имрӯза иртибот барои пешбурди фаъолияти идоракунӣ хеле муҳим мебошад.
Сипас донишҷӯён Исмоил Ҳалимов дар мавзӯи «Мафҳум, моҳият ва ҷараёни коммуникатсионӣ», Муниса Халифаева дар мавзӯи «Монеаҳои иртиботӣ дар низоми идоракунӣ», Шаҳзод Маҳмадов- «Унсурҳо ва равандҳои иртиботӣ», Ҳасани Саид «Роҳҳои баланд бардоштани самаранокии иртибот» маърузаҳо намуданд.
Зикр гардид, ки иртиботот-табодули иттилоъ буда, барои самаранокии кор ва фаъолияти сарварӣ мусоидат менамояд. Ҳамзамон он барои шаффофияти фаъолияти муассисаҳо таъсири муайян мегузорад.
Насрулло Тӯйчизода