Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Иҷлосияи таърихӣ

Иҷлосияи таърихӣ

Рӯзи 26 ноябри соли равон дар донишкада бо ташаббуси кафедраи фаъолияти гумрукӣ бахшида ба 23-солагии Иҷлосияи таърихии ХVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони «Саҳми Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олӣ дар барқарорсозӣ ва таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид.

Дар он Зарифҷон Ализода, намояндаи ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, Сафол Мӯсоев, сардори Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук ва Мирзо Абдуллоев, муовини сардори Донишкадаи мазкур иштирок ва суханронӣ карданд.

Мизи гирдро бо сухани ифтитоҳӣ ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода кушода, иброз дошт, ки аҳамияти таърихии Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон хеле калон буда, он сароғози ваҳдату суботи ҷомеа маҳсуб мегардад. Нақши ин Иҷлосияи тақдирсоз дар рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар бебаҳост. Бинобар ин, дар замони имрӯза моро мебояд, ки ба қадри ин сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ расем ва барои баланд бардоштани руҳияи идеявии ҷомеа ва аҳамияти ғояи миллӣ ва ватанпарастӣ бикӯшем.


Шуро4001.jpgБаъдан Зарифҷон Ализода чун иштирокчии ин Иҷлосия баромад карда, хотироти худро аз он ба ҳозирин баён намуда, хизмати Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар эъмори сулҳи тоҷикон ва ба даст овардани ваҳдати миллӣ, ки маҳз дар ҳамин Иҷлосия асос ёфтааст, муҳим арзёбӣ кард. Ӯ, аз ҷумла гуфт, ки Иҷлосияи тақдирсоз ва маҳз ба мақоми раиси Шӯрои Олӣ интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки барои барқарорсозии ваҳдати миллӣ ҷомеаро сафарбар намояд. Аҳамияти ин Иҷлосия дар барқарор кардани сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар калон буда, маҳз аз ҳамин ҷо ва аз ҳамон лаҳза бунёди сулҳ оғоз ёфт. Ҳамчунин таъсири Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ба бунёди давлатдории навини мо муассир аст, гуфт мавсуф.

Сипас филми мустанад дар бораи таърихи таъсис ва фаъолияти имрӯзаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ намоиш дода шуд.

Зимни баромади хеш Мирзо Абдуллоев дар бораи нақши Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ ва таъмини рушди минбаъдаи мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори андеша намуда, баён дошт, ки маҳз дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарифи гумрукӣ» аз ҷониби вакилони мардумӣ ҳамовозӣ ёфта, тасдиқ гардид, ки барои мустаҳкам гардидани сохтори ин соҳа ва қонунгузории он замина гузошт.

Дар шароити имрӯзаи рушди иқтисоди бозоргонӣ ба зиммаи Хадамоти гумрук танзими фаъолияти иқтисодии хориҷӣ гузошта шудааст, ки аз кори он инкишофи самтҳои афзалиятноки иқтисодиёт, густариши соҳибкорӣ дар мамлакат вобастагии зич дорад. Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқии мақомоти гумрук низ серсоҳа буда, аз масъалаҳои мубориза бар зидди қочоқ ва вайронкунии қоидаҳои гумрукӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, содироти арзишҳои фарҳангӣ ва таърихии халқҳо, анҷом додани назорат аз болои содироти маводи стратегии барои ҳаёт ва саломатии одамон, ҳайвонот ва набототи муҳити зист зарарнок иборат мебошад. Умуман, эмин нигоҳ доштани аҳолӣ аз ҳама гуна таҳдид ва хатарҳо вазифаи мақомоти гумрук аст, гуфт мавсуф.

Дар охир, устодон Баҳром Сафаров, Асадулло Муллоҷонов, Саидамир Сафаров ба музокира баромада, дар бораи аҳамияти ин Иҷлосия дар таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, бунёди сулҳу субот мулоҳизаронӣ карда, ба қадри ин осудагӣ расиданро ба ҳозирин талқин карданд.

Иштирокдорон мизи мудавварро ҷамъбаст намуда, хулоса ва пешниҳодҳои худро ба мақомоти дахлдор ирсол хоҳанд намуд.


Машҳура Абдуллоева