Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҳушдорӣ аз хатарҳои имрўзаи ҷаҳон

Ҳушдорӣ аз хатарҳои имрўзаи ҷаҳон

Рўзи 25-уми ноябри соли ҷорӣ дар хобгоҳи №1-и донишкада маҳфили илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Иқтисод ва ҷомеа» баргузор гардид. Маҳфилро мудири бахши хобгоҳҳо Ҷовид Боймуродов ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки чунин маҳфилҳо дар хобгоҳҳо ба таври доимӣ баргузор карда мешаванд.

Сипас ассистенти кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ Каримов Фирўз дар мавзўи «Ҷиҳатҳои ҳуқуқии терроризм» маъруза карда, қайд намуд, ки мақсад аз баргузории чунин маҳфилҳо ин огоҳ намудани ҷавонон аз хатарҳои терроризму экстремизм мебошад.

Дар охир қайд гардид, ҷавонони худогоҳро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳамеша барои ҳимояи манфиатҳои кишвари худ саъю талош намуда, сабақи хубе барои наслҳои оянда гузоранд.

Ҷовид Боймуродов