Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Онлайн-конфронси навбатӣ

Онлайн-конфронси навбатӣ

26 ноябри соли 2015 бо ташаббуси факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо кафедраи назарияи иқтисодии Донишкадаи иқтисод, молия ва бизнеси Донишгоҳи давлатии Бошқирдистон бо тариқи скайп онлайн-конференсияи VII-уми умумируссиявии илмӣ-амалии донишҷӯён, аспирантон ва олимони ҷавон дар мавзӯи «Иқтисоди муосир: самтҳои назариявӣ ва амалӣ» баргузор гардид.

Дар ҷаласаи ифтитоҳӣ кори конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ д.и.и., профессор, муовини директори Донишкадаи иқтисод, молия ва бизнеси Донишгоҳи давлатии Бошқирдистон оид ба корҳои илмӣ Янгиров А.В. оғоз бахшид.

Инчунин бо сухани ифтитоҳӣ н.и.и., дотсент, декани факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ Попов Н.А. баромад намуд.

Баъдан кори конференсияро баромади пленарии унвонҷӯи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ӯрунбоева Н.А. дар мавзӯи «Принсипи ҳавзии идоракунии захираҳои обӣ ҳамчун рушди устувор» идома дод. Дар конференсия инчунин сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Диловаров М.М., аспирантон ва магистрони ДМИТ иштирок намуданд.

Дар назди иштирокчиён бо маърузаҳои илмӣ устодони кафедраи назарияи иқтисоди Донишгоҳи давлатии Бошқирдистон, аз ҷумла, д.и.и., профессори Нусратуллин В.К., н.и.и. Скрябина Я.А. ва магистрантони ин донишгоҳ оид ба мавзӯъҳои гуногуни иқтисоди муосир баромад намуданд.

Аз ҷониби иштирокчиён ба баромадкунандагон саволҳои гуногун пешниҳод гардида, ба онҳо ҷавобҳои мушаххас гирифта шуд.

Бояд тазаккур дод, ки ин гуна чорабиниҳо бо донишгоҳҳои шарик хеле маъмул гардидааст ва дар оянда низ гузаронидани онҳо дар назар аст.


Нигина Ӯрунбоева