Хабарҳо

Баррасии маблағгузории соҳаи маориф
Санаи 26-уми ноябри соли ҷорӣ бо ташаббуси кафедраи молия ва муомилоти пулӣ маҳфили илмии донишҷӯён таҳти унвони “Ҷустуҷӯи эҷодӣ” доир гардид. Онро бо сухани муқаддимавӣ мудири кафедраи мазкур Шаъбон Нуров ҳусни оғоз бахшид.
Сониян Қурбоналӣ Насруллоев, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси молия дар мавзӯи «Маблағгузорӣ ба соҳаи маориф», Ҳибатулло Султонов, донишҷӯи курси 3-юми ҳамин ихтисос дар мавзӯи «Фаъолияти соҳибкорӣ ва имкониятҳои рушди он» маъруза намуданд.
Қайд карда шуд, ки дар тӯли солҳои соҳибистиқлолии мамлакатамон дар натиҷаи гузаштан ба усули маблағгузории сарикасӣ дар соҳаи маориф, ҳам вазъи ин соҳа хуб ва ҳам хароҷоти буҷаи кишвар ба ин соҳа камтар гардид. Ҳамчунин барои рушди соҳаи маориф на танҳо аз ҳисоби буҷаи мамлакат, балки аз ҳисоби сарчашмаҳои бахшҳои хусусии соҳибкорӣ ва грантҳо истифода метавон кард, гуфта шуд дар ин маҳфил.
Дар маҳфил, ҳамчунин донишҷӯи бахши 2-юми ихтисоси молия Наҷимов Аъзам оид ба мушкилот ва монеаҳои дар раванди таъсисёбӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ ҷойдошта ибрози ақида намуда, роҳҳои бартараф кардани онҳоро баён намуд. Аз ҷумла дар бораи низоми андозбандӣ ва мавҷудияти имтиёзу дастгириҳои давлатӣ баромад намуда, такмилдиҳии онҳоро пешниҳод кард.
Донишҷӯён Ҳамидов Саидҷон, Давлатов Файзиддин, Лоиқов Маҳдӣ, Мирзоев Ҳоким, Аминов Ҷомӣ, Ҳоҷиев Осимҷон ва Малаева Манзура бештар бо саволу пешниҳодҳо баромад намуданд, ки ин ба сайқал додани дониши онҳо мусоидат менамояд.
Хисрав Муҳиддинов