Хабарҳо

Вазъи имрӯзаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит
Бо ташаббуси раёсати илм ва кафедраи баҳисобгирии муҳосибии факултети ҳисобдорӣ ва омор дар мавзӯи «Вазъи имрӯзаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мизи мудаввар барпо гардид.
Онро ноиби ректор оид ба илми донишкада Ғиёсиддин Ашӯров ифтитоҳ намуд. Сипас профессори кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон С. Комилов дар мавзӯи «Баҳисобгирии муҳосибӣ яке аз омилҳои асосии рушди соҳибкории хурду миёна дар ҶТ», сардори идораи аудити дохилии «Амонатбонк», дотсент З. Умаров дар мавзӯи «Фаъолияти аудити дохилӣ дар низоми бонки давлатӣ», донишҷӯи курси 4-уми факултет А. Табаров дар мавзӯи «Баҳисобгирии музди меҳнат дар барномаи 1 С-муҳосибот» маъруза намуданд.
Гуфта шуд, ки дар замони муосир, дар муносибатҳои иқтисодӣ ва молиявию қарзӣ тағйироти куллӣ ба амал омадаанд. Дар сатҳи дунявӣ ин муносибатҳо танзимшаванда мешаванд ва бо ин мақсад Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ҳамчун забони муоширати иқтисодӣ ҷорӣ гардида истодааст. Яке аз омилҳои судманде, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ месозад, иттилооти ҳисоботи молиявӣ мебошад. Баланд бардоштани сифати иттилооти муҳосибӣ боварии истифодабарандагони онро мукаммал мегардонад. Дар давраи гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ зарурати ташкили низоми ягонаи таҳияи ҳисоботи молиявӣ ба амал омад ва гузаронидани ислоҳоти ҳисобгирии муҳосибӣ пайдо гардид.
Дар қисмати дигари ин чорабинӣ маросими табрикоти устод Абдуҷалил Раҳмонов, ки ба синни мубораки 70-солагӣ расиданд, гузаронида шуд. Хизматҳои Абдуҷалил Раҳмонов ҳамчун ходими илмиву ҷамъиятӣ, мураббию раҳнамои шогирдон, мутахассиси варзидаи соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит ва дар маҷмӯъ инсони комил, ки дар пешбурди илми иқтисод ва тайёр намудани мутахассисони соҳа саҳми назаррас дорад, махсус қайд карда шуд. Аз номи Раёсати донишкада Ғ. Ашӯров, садорати факултет Ф. Насриддинов ва дигар ҳамкорону шогирдон соҳибҷашнро табрик гуфта, барояш саломатӣ ва комёбиҳоро таманно намуданд.
Н. Тӯйчизода