Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҳисоботҳои илмӣ ҷараён доранд

Ҳисоботҳои илмӣ ҷараён доранд

Тибқи ҷадвали баргузории ҳисоботҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ чанд муддат аст, ки дар факултетҳо ва кафедраҳои умумидонишкадавӣ ҷараёни ҳисоботдиҳӣ давом дорад.

Санаи 28 ноябри соли равон ҳайати профессорон ва устодони кафедраи математикаи олӣ дар назди сардори шуъбаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ Муқимов Қ. ҳисоботи солонаи худро супориданд.

Саидов Б. и.в мудири кафедра ва Раҳимов Р., дотсенти кафедраи мазкур доир ба иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотии устодон маъулмот доданд, ки аз якчанд ҷабҳаҳо иборат буд. Аз ҷумла иҷроиши нақшаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, нақшаи нашр намудани маводҳои илмӣ, нақшаи гузаронидани машваратҳои илмӣ, баланд бардоштани малакаи ихтисосии устодони кафедра, иҷрои нақшаи маҳфили илмии донишҷӯён, нақшаи ШОМҶ-и кафедра ва вазъи ҳимояи рисолаҳои номзадии устодон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Қутбиддин Муқимов доир ба ҳамкорӣ бо Шӯрои ҳамоҳангсозии АИ ҶТ, иҷрои Барнома, Консепсияҳо ва Стратегияҳои давлатии ҶТ дар соҳаи илм ва маориф, иҷрои Фармоиши вазири маориф ва илми ҶТ оид ба навиштани мақолаҳои вокунишӣ, ҳамкорӣ бо Маркази миллии патенту иттилоот ва ҳамкорӣ бо Парки инноватсионию технологии донишкада пешниҳоду тавсияҳои судманд дод. Мавсуф дар охир камбудиҳои дар фаъолияти илмии устодони кафедра ба назаррасидаро номбар карда, бартараф ва ислоҳ намудани онҳоро ба миён монд.

Дар охир, фаъолияти илмии ҳайати профессорон ва устодони кафедраи математикаи олиро қаноатбахш баҳогузорӣ карданд.


М. Абдуллоева