Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҷавонон зидди терроризм ва экстремизм

Ҷавонон зидди терроризм ва экстремизм

Бо ташаббуси шуъбаи магистратураи донишкада барои магистрантон рӯзи 28 ноябр дар мавзӯи «Тавсифи умумии истилоҳоти терроризм, экстремизм (ифротгароӣ) инчунин омилҳои ба инҳо монанд ва оқибатҳои он» суҳбат гузаронида шуд.

Мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ Сайидалӣ Ҳаитов маърӯза намуда, изҳор дошт, ки масъалаи фирефта шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номақбул аз проблемаи аввалиндараҷа маҳсуб ёфта, бояд ҳар яки мо бар зидди он мубориза барем. Дар ин радиф ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол низ бояд бо зиракии сиёсӣ ва нангу номуси миллӣ барои решакан кардани чунин гурӯҳҳо ҳиссаи худро гузоранд ва дар фикри пешрафту ободии кишвари худ бошанд.

Чӣ хеле, ки мудири бахши магистратура Ашӯров М. изҳор намуд, чорабинии мазкур барои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии донишҷӯён мусоидат намуда, ҷиҳати пешгирии гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ гузаронида шудааст.


Насрулло Тӯйчизода