Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Муовинони КИ ибтидоии «Молия ва иқтисод» интихоб шуданд

Муовинони КИ ибтидоии «Молия ва иқтисод» интихоб шуданд

Рӯзи 30 ноябри соли равон маҷлиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Сино «Молия ва иқтисод» шуда гузашт, ки дар он муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино Гадоев Ё. ва роҳбари дастгоҳи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино Камолов М. иштирок ва суханронӣ карданд.

Масъалаи асосии ҷаласа ин интихоби ҳайати Раёсати КИ ибтидоии «Молия ва иқтисод» буд, зеро бо сабабҳои таъйиноти кадрии моҳҳои охир дар донишкада ба вуқуъпайваста, вазифаҳои муовинони раиси КИ холӣ буд.

Муқимов Қ. номзадии ҳафт нафарро ба аъзогии раёсати КИ пешниҳод кард ва ҳамаи онҳо бо як овоз интихоб гардиданд. Баъдан Хайров Ш. ва Ахмедова З. муовинони раиси КИ ва Умаров Н., муовини озоди раиси КИ интихоб шуданд.

Ректори донишкада ва раиси КИ ибтидоии «Молия ва иқтисод» Солеҳзода А.А. ба Умаров Н. дастур дод, ки вазифаҳои дарпешгузоштаро содиқона иҷро карда, барои баланд бардоштани мақоми ҳизб дар ҷомеа корро дуруст ба роҳ монад ва интизоми қатъии ҳизбиро дар байни ҳизбиён ҷорӣ намояд.

Зимни суханрониаш Гадоев Ё. қайд намуд, ки КИ ибтидоии «Молия ва иқтисод» ташкилоти пешқадам буда, дар тамоми чорабиниҳои сиёсӣ ва фарҳангии ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат меварзанд. Ӯ гуфт, ки вобаста ба вазъи сиёсии кунунии ҷаҳон бояд дар байни ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда, маърифати сиёсии онҳоро баланд бардорем. Дар сафи ҳизбиён бояд шахсони воқеан ватандӯсту фидоӣ бештар бошанд. Бинобар ин, анъанаи ба таври озмун қабулкунӣ ба сафи ҲХДТ идома меёбад ва танҳо шахсони арзанда ба сафи ҳизб шомил мегарданд, гуфт дар охир баромадкунанда.

Ёдрас мешавем, ки дар КИ ибтидоии «Молия ва иқтисод» 400 нафар аъзои ҲХДТ буда, аз ин 221 нафар устодону кормандонро ташкил мекунанд.


Машҳура Абдуллоева