Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҳукми қатл: ҷонибдорон ва муқобилон

Ҳукми қатл: ҷонибдорон ва муқобилон

Санаи 28-уми наябри соли ҷорӣ бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ маҳфили илмӣ таҳти унвони «Ҳукми қатл: ҷонибдорон ва муқобилон» доир гардид. Роҳбари маҳфил Навоиддин Носиров сухан намуда, қайд кард, ки имрӯзҳо ҷазои қатл яке аз масъалаҳои мубрами рӯз гашта, тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш андохтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар баробари дигар кишварҳои демократӣ кӯшиш менамояд, ки дар мавриди ҷазои қатл таҳлилҳо ва таҳқиқотҳо гузаронида шавад.

Баъдан донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси ҳуқуқи иқтисодӣ Назарзода Аҳлиддин дар мавзӯи «Таърихи пайдоиши ҷазои қатл» маъруза намуда, қайд кард, ки ҷазои қатл яке аз ҷазоҳои сахттарин нисбати инсоният мебошад, ки онро давлатҳо бо мақсади пешгирии сатҳи ҷинояткорӣ дар ҷамъият истифода менамоянд. Ҷазои қатл яке аз ҷазоҳои қадимтарин мебошад, ки онро дар давраҳои гузашта шоҳон, амирон ва шахсони мансабдори давлат вобаста ба салоҳияташон нисбати шахсони муайян истифода мебурданд.

Донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси танзими ҳуқуқи молия ва қарз Неъматов Р. дар мавзӯи «Муқобили ҷазои қатл» суханронӣ карда, иброз дошт, ки дар ҳолати пайдошавии далелҳои тасдиқкунандаи содир нагардидани ҷиноят аз тарафи маҳкумшудагон ҳукми қатл бекор карда мешавад.

Дар охири маҳфил миёни ҷонибдорон ва муқобилони ҳукми қатл мубоҳиса сурат гирифт, ки чунин баҳсҳо барои такмил додани дониши ҳуқуқии донишҷӯён мусоидат менамояд.


Хисрав Муҳиддинов