Хабарҳо

Маҳфилҳо тақвиятбахши донишанд
Бо ташаббуси кафедраи иқтисод ва идора рӯзи 30 ноябри соли равон маҳфили илмии донишҷӯён дар мавзӯи «Сатҳи камбизоатӣ ва роҳҳои бартараф намудани он дар ҶТ» гузаронида шуд.
Дар маҳфил донишҷӯёни лаёқатманд, аз ҷумла Замонова И., донишҷӯи курси якуми ихтисоси идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ дар мавзӯи «Камбизоатии аҳолӣ: нишона, ҷанбаҳои назариявӣ-методологӣ», Одинаев А., донишҷӯи бахши дуюми ҳамин ихтисос дар мавзӯи «Омилҳои таъсиррасон ба сатҳи камбизоатии ҷомеа», Абдуллоева М., донишҷӯи курси дуюми ихтисоси 1-25010728 дар мавзӯи «Муаммоҳои камбизоатии аҳолӣ, вазъ ва проблемаҳои он дар Тоҷикистон», Холназаров С., донишҷӯи курси дуюми ихтисоси 1-26010101 дар мавзӯи «Соҳаҳои ба паст намудани камбизоатӣ таъсиррасон», Ҳақризоев С., донишҷӯи курси сеюми ихтисоси 1-25010728 дар мавзӯи «Роҳҳои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва коҳиш додани камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ» баромад намуданд.
Мавзӯи матраҳгардида рӯзмарра ва ҳалталаб ба шумор рафта, дар маърузаҳо ҳамчун иқтисодчӣ донишҷӯён роҳҳои раҳоӣ аз камбизоатиро пешниҳод намуданд.
Умуман, МИД-и кафедра дар сатҳи хуб қарор дошта, донишҷӯён тавассути ин маҳфил донишҳои худро тавсеа медиҳанд.
Раҳматулло Қаландаров
роҳбари МИД-и кафедраи иқтисод ва идора