Хабарҳо

ВИЧ/СПИД вабои аср аст
Бо ташаббуси шуъбаи тарбия ва бахши хобгоҳҳо дар донишкада ба муносибати Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди ВИЧ-СПИД чорабинӣ баргузор гардид. Онро сармутахассиси шуъбаи тарбия Мавҷуда Давлатова ифтитоҳ намуда, доир ба ин беморӣ иттилоъ доштани ҳар нафарро муҳим ва ҳадафи баргузории чорабинии мазкурро низ дар ҳамин арзёбӣ кард.
Сипас ҳамшираи шафқати донишкада Меҳрона Ҳакимова ва духтури маркази саломатии № 1-и шаҳри Душанбе Нигина Камолова ба сухан баромада, доир ба таърихи ВИЧ/СПИД, роҳҳои гирифтор шудан ба он, нишонаҳо ва оқибатҳо ва роҳҳои пешгирӣ аз он иттилоъ доданд. Дар ин суҳбати озод зикр гардид, ки роҳи асосии мубориза бар зидди ҳамагуна бемориҳои сироятӣ риояи гигиенаи шахсӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим аст.
Инчунин, донишҷӯён ба мутахассис саволҳо дода, донишу фаҳмиши худро дар робита ба бемориҳои сироятӣ мукаммалтар намуданд. Ҳамзамон дар иҷрои донишҷӯён-иштирокчиёни маҳфили илмии хобгоҳи № 2 доир ба мавзӯи мавриди назар саҳначаи тарбиявӣ ва ҳаҷвӣ намоиш дода шуд.
Насрулло Тӯйчизода