Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Устодони ДМИТ ҷои аввалро гирифтанд

Устодони ДМИТ ҷои аввалро гирифтанд

Чӣ тавре, ки иттилоъ дода будем, аз 18 то 20-уми ноябр дар доираи Лоиҳаи «Дастгирии самтҳои алоҳидаи ислоҳот дар бахши идоракунии молияи давлатӣ», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Лоиҳаи Луис Бергер маблағгузорӣ мешавад, курсҳои омӯзишӣ барпо гашта буд. Дар он 5 нафар устодони донишкада А. Нуралиев - сардори раёсати таълим, Қ. Муқимов - сардори шуъбаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, Х. Ҷумъабоев - мудири кафедраи андоз ва андозбандӣ, Х. Ҷӯраев - мудири кафедраи менеҷменти молиявӣ ва Е. Мирзоева - муаллими калони кафедраи менеҷменти молиявӣ ширкат варзиданд. Курсҳои омӯзишӣ дар меҳмонхонаи «Серена»-и пойтахт оғоз гашта, рӯзҳои 19-ум ва 20-уми ноябр дар дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор идома ёфт.

Иштирокчиёни курси омӯзишӣ ба панҷ зергурӯҳ ҷудо шуда, дар мавзӯъҳои буҷавикунонии соҳаҳои гуногун, ба монанди маориф, тандурустӣ, энергетика, молия ва сохтмони капиталӣ бо пешниҳод намудани презентатсияҳо баромад намуданд. Боиси ифтихор аст, ки гурӯҳи устодони Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои баромади беҳтарин сазовори ҷои якум гардиданд.


Насрулло Тӯйчизода