Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҳисоботи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии устодон

Ҳисоботи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии устодон

Тавре иттилоъ дода будем, дар асоси фармоиши ректори ДМИТ таҳти №128/И аз 28-уми ноябри соли ҷорӣ имрӯзҳо супоридани ҳисоботҳои солонаи корҳои илмӣ-тадқиқотии факултетҳо ва кафедраҳои умумидонишкадавӣ дар назди ҳайати комиссия тибқи ҷадвали тасдиқшуда идома дорад. Рӯзи 2 декабри соли ҷорӣ ҳисоботи кафедраи фанҳои гуманитарӣ шунида шуд. Мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ Асадулло Муллоҷонов дар ҳисобот қайд намуд, ки дар самти илм бештар фаъолияти устодон, аз ҷумла н.и.ф., дотсент Мирзоев Ғ., н.и.п., дотсент Носиров С., н.и.т., дотсент Ҳомидова Қ., ва дигарон назаррас буда, дар самти навиштани мақолаҳои вокунишӣ низ хеле фаъоланд.

Дар охир, баъзе камбудиҳову проблемаҳои ҷойдошта гуфта шуда, фаъолияти илмӣ-тадқиқотии кафедраи мазкур қаноатбахш ҳисобида шуд.


Хисрав Муҳиддинов